Юсуф Раҳмонов: Ман як сарбозам, ҳар куҷо президент амр кард, хидмат хоҳам кард!

Хабари хуб 09.02.2015 10:30

Ysuf RahmonovЮсуф Раҳмонов, Прокурори генералӣ, дар нахустин нишасти матбуотии хеш ба унвони раҳбари ин ниҳоди калидии Тоҷикистон дар посух ба суоли хабарнигори "Миллат", дар ин маврид, ки Оё пазируфтани ин симмат бо ин ҳама мушкилоташ барояш осон буд(? ) гуфт: "Ман як сарбозам ҳар куҷо президент амр карданд, хидмат хоҳам кард."

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки бо номи нек ва шоиста анҷом додани вазифа барои ҳар фард муҳим аст ва умед дорад, ки бо хушномӣ дар ин мақом иҷрои вазифа хоҳад кард. Интизореро, ки мардум аз ӯ ба унвони Прокурори генералӣ дорад. 

Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Юсуф Раҳмонов прокурори генералӣ таъин шуд, ӯ дар ин мақом Шерхон Салимзодаро иваз кард, ки дар 5 сол пеш ба ин курсӣ такя зада буд.

Шерхон Салимзода бо фармони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз мақомаш барканор шуд. Дар ин фармон, ки дар торнамои расмии раёсати ҷумҳурӣ низ ба нашр расидааст, сабаби барканории собиқ прокурори генералӣ шарҳ дода нашудааст.

Юсуф Раҳмонов, прокурори генералии тозатаъини Тоҷикистон, дар нишасти хабарии рӯзи 30 январ таҷаммӯъи ҷангҷӯён дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистонро тасдиқ кард, аммо гуфт, таҷамуъи онҳо набояд мояи нигаронӣ бошанд. Ӯ гуфт, ки "Мардуми Тоҷикистон метавонанд ором бихобанд". 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97