Зинда ба зинда сӯзонидани халабони урдунӣ аз суи ДОИШ

Хабари хуб 05.02.2015 10:33

Zinda ba zinda suzГурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ бо пахши видеое иддао кардааст, халабони урдуниро, ки ба асорат гирифта буд, зинда ба зинда сӯзондааст. Ин халабон баъди сарнагун шудани ҳавопаймояш дар Сурия ба асорат афтода буд.

Гурӯҳи ДОИШ бо нашри як видео мегӯяд, халабони урдунӣ Муоз Ал-Касосбеҳро зинда ба зинда сӯзондааст. Ба гузориши хабаргузориҳо, дар ин видео марде, ки гуфта мешавад Муоз Ал-Касосбеҳ, халабони урдунист, дар як қафаси оҳанӣ дар байни оташ дасту по мезанад. Аъзои хонаводаи ин халабони урдунӣ ба хабаргузории Рейтер гуфтаанд, фармондеҳи артиши ин кишвар хабари марги фарзандашонро ба онҳо расондааст.

Zinda ba zinda suz 1Дар ҳамин ҳол, телевизиони давлатии Урдун гуфтааст, Муоз Ал-Касосбеҳ дар воқеъ моҳи гузашта ба қатл расидааст. Ин телевизион афзуд, "халабони урдунӣ рӯзи саввуми январ ва пеш аз пешниҳоди гурӯҳи ДОИШ барои наҷоти вай ва озодии ду гаравгони ҷопонӣ ба ивази озодии Соҷида Ар-Рийшовӣ, зани бамбгузорӣ ироқӣ, кушта шуда буд". Урдун пеш аз анҷоми мубодилаи зиндониён, аз гурӯҳи ДОИШ хоста буд, то нишонаҳое аз зинда будани ин халабонро ироа намояд.

Дар видео ва аксҳои мунташиршуда дар интернет, марде, ки дар оташ месӯзад, монанди дигар асирони гурӯҳи ДОИШ дар тан либоси норинҷӣ дорад, ки дар моҳҳои гузашта кушта шудаанд. Ин гурӯҳ ҳафтаи гузашта аз кушта шудани ду гаравгони ҷопонӣ низ хабар дода буд.

Дар ҳамин ҳол артиши Урдун пас аз эъломи хабари марги халабони худ гуфт, интиқоми хуни вайро хоҳад гирифт. Генерал Мамдуҳ Ал-Амирӣ, сухангӯи артиши Урдун изҳор доштааст, "хуни шаҳид барҳадар нахоҳад рафт ва... интиқомгирӣ монанд бо ин фоҷиа хоҳад буд, ки ҳама урдуниҳоро мусибатзада кардааст."

Тибқи иттилои хабаргузориҳо, Малик Абдуллоҳ, подшоҳи Урдун сафари худро ба Амрико ниматамом хоҳад гузошт ва ба кишвараш Zinda ba zinda suz 2бармегардад. Аз сӯи дигар, манбаъҳои амниятии Урдун гуфтаанд, Соҷида Ар-Рийшовӣ, зани ироқии муттаҳам ба бомбгузорӣ, рӯзи чаҳоршабе ба дор овехта хоҳад шуд. Ар-Рийшовӣ ки муттаҳам ба иштирок дар бомбгузориҳои соли 2005 дар пойтахти Урдун мебошад, ба эъдом маҳкум шуда буд, вале ҳукми вай то кунун ба иҷро нарасида буд.

Як мақоми амниятии Урдун, ки нахост номаш ифшо шавад, мегӯяд, "ҳукми эъдоми вай ҳамроҳ бо дигар ҷангиёни исломгаро ва дигар афроде, ки ба манофеи Урдун ҳамла кардаанд, амалӣ хоҳад шуд."

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Муҳаммад Мумонӣ, сухангӯи давлати Урдун низ гуфтааст, "Урдун посухи кӯбанда хоҳад дод." Вай изҳор доштааст, "ҳар касе ки нисбат ба иттиҳоди урдуниҳо шак дорад, собит мекунем, ки иштибоҳ мекунад". Вай гуфтааст, "халабони урдунӣ ба ҳеҷ қабилаи хосе вобаста набуд ё аз як хонаводаи ҳоким барнахоста буд, ӯ фарзанди ҳама урдуниҳо буд."

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97