"МегаФон" сатҳи фарогириро дар нақби Шаҳристон беҳтар намуд

Хабари хуб 02.02.2015 14:11

Shahristoni megafonШиркати "МегаФон" ба сифати ташаббускори сафари матбуотӣ дар вилояти Суғд баромад намуд. Дар он 20 хабарнигорон ва блогерҳо ширкат варзиданд. Сабаби асосӣ барои ҷамъ омадан корандозии тантанавии истгоҳои базавии "МегаФон" дар нақби Шаҳристон ба шумор мерафт.

Алоқаи мобилӣ кайҳо ба қисмати маъмулии ҳаёти мо табдил ёфтааст. Ҳангоми қарор доштан "берун аз фаъолияти шабака" мо дар ҳолати ноқулай монда, худро аз ҳама олам ҷудо эҳсос менамоем. Бо мақсади ба муштариён пешниҳод кардани алоқа бо сифати то дараҷаи имконпазир аъло ширкати "МегаФон" дар нақби Шаҳристон, ки зиёда аз 5000 метр дарозӣ дорад, истгоҳи базавии "Нақби Шаҳристон"-ро ба кор даровард. Истгоҳи базавӣ барои бо алоқа фаро гирифтани нақби Шаҳристон нигаронида шудааст. Тариқи нақби мазкур шоҳроҳи Хуҷанд - Душанбе гузашта он шимолро бо ҷануби кишвар мепайвандад. Имрӯзҳо "МегаФон" муштариёни худро ҳатто дар минтақаҳои дурдасти кишвар бо алоқаи босифат таъмин менамояд. Бунёди шабакаи алоқа - ҷараёни тӯлонӣ ва аз ҷиҳати технологӣ душвор ба ҳисоб меравад. Ба ғайр аз фаъолияти оперативии кормандони техникӣ ҳамчунин омодагии мукаммали ибтидоӣ зарур меояд. Дар реҷаи оддии кор оид ба таҳлили вазъият ҳисобу китобҳои техникӣ ва насби таҷҳизот вақти зиёдро мегиранд. Бо вуҷуди махсусияти вазъият ва зарурати амалнамоии оперативӣ корҳои омодасозӣ оид ба васли таҷҳизоти истгоҳи базавӣ дар нақби Шаҳристон дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарини рекордӣ - дар давоми 3 рӯз анҷом дода шуданд. 

"Дарозии нақби Шаҳристон - панҷ километр. Қаблан дар масъалаи истифодаи озодонаи алоқаи мобилӣ дар дохили нақб, ки ба он мавҷҳои радиоӣ паҳн намешаванд, ҳатто сухан гуфтан ғайриимкон буд. Вале мутахассисони техникии мо роҳи ҳалли ин масъалаи ғайристандартиро пайдо намуданд. Гап дар сари он аст, ки истгоҳи нави базавӣ ба кабели нахию нурӣ пайваст карда шудааст. Акнун дар тамоми ҳудуди нақб метавон бо истифода аз алоқаи боэътимод аз "МегаФон" ба наздикон даъватҳоро анҷом дод", - изҳор дошт директори молиявии ширкат Анатолий ИЗЮМНИКОВ. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97