Нозирони интихоботии САҲА дар Тоҷикистон корро оғоз карданд

Хабари хуб 24.01.2015 10:27

SAHAҲайъати нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) аз оғози фаъолияти худ дар Тоҷикистон ба унвони нозири интихоботи порлумонии соли ҷорӣ хабар дод.

Ҳайъати нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) ба унвони нозири интихоботи порлумонии соли 2015 дар Тоҷикистон оғоз ба кор кард.

Миклош Ҳарастӣ, раҳбари ин гурӯҳи нозирон, рӯзи 20 январ, дар як нишасти хабарии худ дар Душанбе гуфт, ки аз соли 2000 ин панҷумин маъмурияти САҲА барои назорат бар интихобот дар Тоҷикистон аст.

Ӯ мегӯяд, ки то ҳол 14 нафар аз нозирони ин маъмурият дар Тоҷикистон буда ва қарор аст то охири ҳафтаи ҷорӣ 16 нафари дигар ба ин ҳайъат бипайванданд.

Манбаъ афзуд: “14 нафар аз нозирон, ки коршиноси бахшҳои гуногун, аз ҷумла сиёсӣ, миллӣ ва бехатарӣ ҳастанд аз 13 кишвари ҷаҳони узви САҲА ба Тоҷикистон омадаанд. Мо баъд аз дарёфти муҷавизи расмӣ аз Камисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба шаҳрҳо ва навоҳии гуногун сафар карда ва ба фаъолияти худ оғоз мекунем.”

Миклош Ҳарастӣ мегӯяд, ки дар интихоботи порлумонии моҳи март дар Тоҷикистон 150 нозир бо маъмурияти кӯтоҳмуддат аз кишварҳои узви ин сомзон аз сартосари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард. Ва вазифаи аслии нозирони САҲА назорат бар вазъият ва фаҳмидани воқеъият аст.

Вай гуфт: “Мо назорат бар он хоҳем кард, ки интихобот дар кадом муҳит ва шароит баргузор хоҳад шуд.”

Ин манбаъ мегӯяд, ки маъмурияти онҳо ҳамчунин бар он назорат хоҳад бурд, ки шароити ширкати номзадҳо дар интихобот ва инъикоси интихобот дар расонаҳо то чӣ андоза мунсифона ва ҷавобгӯи қонун хоҳад буд. Ӯ таъкид кард, ки ин ҳайъат гузориши кӯтоҳи худро то оғози раъйдиҳӣ ироа хоҳанд дод.

Ҳамчунин пас аз баргузории раъйдиҳӣ нозирони САҲА гузориши муқаддамотии худро дар мавриди интихобот омода хоҳанд кард. Вале гузориши комили САҲА аз ҷараёни муборизоти интихоботӣ, раъйдиҳӣ ва шумориши оро баъд аз ду моҳи доир шудани интихобот интишор хоҳад шуд. Ин гузориш дар пойтахти Лаҳистон дар мақари дафтари нозирони САҲА мунташир хоҳад шуд.

Раҳбари ҳайъати нозирони интихоботии САҲА дар Тоҷикистон иттилоъ дод, ки онҳо то ҳол бо масъулони Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон мулоқоте анҷом додаанд. Ва ҳайъати онҳо ҳамеша омода аст бо намояндагони давлат, расонаҳо ва ниҳодҳои ҷомеъаи маданӣ дар иртибот бошанд.

Ҳайъати нозирони САҲА дар ҳоле аз оғози фаъолияти худ дар Тоҷикистон ба унвони нозири интихоботи порлумонии соли ҷорӣ хабар медиҳад, ки нозирони САҲА то ҳоли ҳозир ҳеч яке аз интихоботҳои баргузоршуда дар Тоҷикистонро шаффоф нахондааст. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97