Дар Тоҷикистон нахустин ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар анҷом шуд

Хабари хуб 12.01.2015 11:43

Jarohii jigarБарои нахустин бор дар Тоҷикистон, дар Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон, рӯзи 26 декабр ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар дар кӯдак ва як мард анҷом шуд.

Дар амалиёти пайвандсозии ҷигар дар кӯдак дар Душанбе, дар баробари мутахассисони тоҷик, 5 нафар мутахассисони бахши пайвандсозии узвҳои инсон аз Ҷумҳурии исломии Ирон ширкат доштанд. Ин амалиёт ҳудуди 7 соат идома кард. Дар ҷараёни пайвандсозӣ порае аз ҷигари модар - Тахмина Боқиева, сокини 35-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ба ҷигари духтараш Шарофат Неъматоваи севунимсола пайванд карда шуд.

Саймаҳмуд Исмоилов, раҳбари Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, ки маблағи харҷи ин амалиёти пайвандсозӣ ҳудуди 50 ҳазор доллар аст, ки аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон пардохт шудааст. Дар ҳоли ҳозир шумораи ниёзмандон ба ҷароҳии пайвандсозии ҷигар дар Тоҷикистон дақиқ нест. Аммо яқинан ин гуна ниёзмандон мавҷуданд, ва агар ин амалиёт бо хости худованд бомуваффақият анҷом шавад, дигар ҳар маризи ниёзманд дар ватан метавонад бо кумаки табибони тоҷик умед бубандад.

Доктор Малик Ҳусейнӣ, яке аз мутахассисони иронӣ, ки дар ин амалиёт ширкат дошт, мегӯяд, ки дар яке аз марказҳои пайвандсозии узвҳои инсони "Намозӣ" дар шаҳри Шерози Ирон, дар маҷмӯъ ҳудуди 500 амалиёти пайвандсозии ҷигар ва 260 ҷарроҳии пайвандсозии гурда анҷом шудааст. Ба эътиқоди мутахассисони иронӣ, 90 дарсади ин амалиётҳо бомуваффит анҷом ёфтааст.

Саймаҳмуд Исмоилов дар суҳбат бо хабарнигори "Миллат" гуфт, ки ҷарроҳии дувуми пайвандсозии ҷигар низ анҷом шудааст, ки як марди 54 сола бо фидокории бародараш соҳиби ҷигари солим хоҳад шуд. Ӯ вазъи беморонро хуб арзёбӣ мекунад ва мегӯяд, ҳоло беморон роҳрав шудаанд ва таҳти назорати табибон қарор доранд.

Зимнан, аз соли 2009 дар Тоҷикистон низ мутахассисони тоҷик пайвандсозии гурдаи инсонро ба роҳ монда ва то кунун 116 чунин ҷарроҳиро анҷом додаанд, ки дар бештари  маврид муваффақона анҷом ёфтааст. Ва агар ин навбат пайвандсозии ҷигар бомуваффақият анҷом бипазирад, на танҳо ҷони як тифлаки маъсуми тоҷик наҷот хоҳад ёфт, балки онро муҳимтарин дастоварди на танҳо тибби тоҷик, балки яке аз дастовардҳои муҳимми кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ метавон унвон кард. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97