Коҳиши бесобиқаи нархи евро

Хабари хуб 08.01.2015 14:23

Evro balanseДар ҳоле ки сармоягузорон ба тамоюли Бонки марказии Аврупо ба афзоиши барномаҳои муҳаррики иқтисодӣ чашм дӯхтаанд, нархи евро дар муқобили доллар ба пойинтарин мизони худ дар 9 соли гузашта расид.

Рӯзи 5 январ нархи баробарии евро бо коҳиши 1,2 дарсадӣ ба 1,1864 доллар расид, ки пойинтарин ҳад аз моҳи марти 2006 то кунун аст.

Коҳиши нархи евро пас аз он сурат гирифт, ки Мариё Дрогӣ, раиси Бонки марказии Аврупо дар изҳороти тозаи худ ба афзоиши муҳаррикҳои иқтисодӣ дар ҳавзаи евро ишора кард. Бар асоси изҳороти ӯ интизор меравад дар тӯли се моҳи аввали соли 2015 Бонки марказии Аврупо пули бештаре вориди бозор кунад, тақозоро афзоиш диҳад ва хариди варақаҳои қарзии қимматдорро шуруъ кунад.

Ин бонк нархи баҳраро ба пойинтарин мизони худ коҳиш дода ва оғоз ба хариди варақаҳои қарзии қимматдор ширкатҳои хусусӣ кардааст.

Ошуфтагии сиёсӣ дар Юнон низ нархи евроро таҳти таъсир қарор додааст. Баргузории интихоботи саросарӣ дар Юнон, ки қарор аст 25 январ сурат гирад, мумкин аст ба пирӯзии ҳизби чапгарои Сиризо, ки мухолифи сарсахти сиёсатҳои риёзатӣ аст, бианҷомад.

Алексис Тсипрос, раҳбари ҷавони ин ҳизб муътақид аст буҳрони молии Юнон натиҷаи сиёсатҳои таҳмилии карздиҳандагони байналмилалӣ аст, на юнониҳо.

Сиризо мехоҳад дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи зудҳангом дар хусуси қарзҳои сангини Юнон бо Иттиҳодияи Аврупо, Бонки марказии Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул бо шароите нав вориди музокира шавад.

Маҷаллаи Шпигел, чопи Олмон навиштааст, ки дар сурати пирӯзии Сиризо дар интихоботи Юнон, давлати Олмон тавони муқовимат дар баробари ҳазинаи хуруҷи Юнон аз ҳавзаи пулии евроро хоҳад дошт.

Яке аз сухангӯёни Ангела Меркел, садри аъзами Олмон дар вокуниш ба гузориши Шпигел гуфт, ки сиёсатҳои Олмон дар қиболи қарзҳои Юнон ҳеч тағйире накардааст ва давлати вай интизор дорад Юнон ба тавофуқи худ бар сари бастаи наҷоти молӣ бо карздиҳандагони байналмилалӣ пойбанд бошад.

Ҳамчунин Франсуа Оланд, раиси ҷумҳури Фаронса гуфтааст, ки ҳоло дигар мондан дар ҳавзаи пулии евро фақат вобастагӣ ба юнониҳо дорад.

Аввалин ҷаласаи Бонки марказии Аврупо дар соли 2015 қарор аст рӯзи 22 январ, яъне се рӯз пеш аз интихоботи саросарии Юнон баргузор шавад. Ба ҳамин далел таҳлилгарони иқтисодӣ пешбинӣ мекунанд, ки бо наздик шудан ба ин таърих нархи евро дар тӯли ҳафтаҳои оянда пасту баланд хоҳад шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97