Даҳсолаи «Об барои ҳаёт»: 50 узви СММ розӣ, Тошканд норозӣ

Хабари хуб 25.12.2014 15:45

ob manbai haytВазорати хориҷии Тоҷикистон эълом кард, ки ибтикори Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ бо судури қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 ва талошҳои минбаъда барои дастрасӣ ба рушди устувори захираҳои об” қабул гардид.

Ин қатънома бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон дар чаҳорчӯби банди 19-уми рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ, ки «Рушди устувор» ном дорад, таҳия ва пешниҳод шуда буд.

Ба ин иқдоми Тоҷикистон зиёда аз панҷоҳ кишвари узви СММ, аз ҷумла Австралия, Арманистон, Алҷазоир, Афғонистон, Бангладеш, Беларус, Боливия, Венгрия, Венесуэла, Гурҷистон, Зеландияи Нав, Индонезия, Ироқ, Испания, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Корея, Куба, Кувайт, Малайзия, Марокаш, Молдова, Монтенегро, Муғулистон, Озарбойҷон, Парагвай, Покистон, Қатар, Молдова, Русия, Ҷазираҳои Сейшел, Сенегал, Сингапур, Сурия, Судон, Таиланд, Тимор-Леште, Того, Туркманистон, Украина, Филиппин, Финляндия, Ҳаити, Ҳиндустон, Хорватия, Швейтсария, Шри-Ланка, Эритрея, Ирон, Яман, Ҷопон ба рӯйхати ҳаммуаллифони он дохил шудаанд.

Тибқи қатъномаи мазкур ҷиҳати арзёбии раванди иҷрои Даҳсолаи амал “Об барои ҳаёт 2005-2015” ва муайян кардани иқдомоти минбаъда барои дастрасӣ ба рушди захираҳои обӣ баргузории ду чорабинии сатҳи баланд, яке дар Ню-Йорк (Муколамаи сатҳи баланд дар Маҷмаи Умумии СММ, моҳи марти соли 2015) ва дигаре дар Душанбе (Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, моҳи июни соли 2015) ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба навиштаи бархе аз расонаҳои хабарӣ, бо вуҷуди пуштибонии беш аз 50 кишвари ҷаҳон аз ин қатънома, Узбакистон аз ин ибтикори Душанбе ҷонибдорӣ накардааст. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97