"МегаФон" дар Тоҷикистон реҷаи суръати худро тағйир медиҳад

Хабари хуб 07.11.2014 15:25

antenai nav30 октябри соли 2014. Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз оғози сол ширкати "МегаФон" зиёда аз 100 истгоҳҳои базавии насли дуюм ва сеюмро ба истифода супорид.

Инчунин қобилияти иҷозатии зиёда аз 400 ИБ беҳтар карда шудааст. Дар натиҷаи корҳо оид ба сохтмон ва модернизатсияи шабака сифати алоқа ва хизматгузориҳои мобилӣ дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ беҳтар гардид. Суръати интернети мобилӣ ва шабакаи насли сеюм зиёда аз ду маротиба афзоиш ёфтааст. Ин ба теъдоди зиёди сокинони Тоҷикистон имкон медиҳад, ки аз алоқаи боэътимод истифода намоянд.

"Мо пайваста кӯшиш мекунем, ки фаъолияти шабакаамонро беҳтар созем. Инфрасохтори иловагӣ бошад, имкон медиҳад, ки сатҳи эътимоднокии шабака баланд бардошта шуда, фарогирии шабака низ беҳ гардонида шавад. Чунин ҳолат барои истифода гардидани хизматрасониҳои алоқа аз ҷониби муштариёнамон хеле қулай мебошад", - мегӯяд Денис Никитин, муовини аввали директори генералии "МегаФон Тоҷикистон".

Фарогирии шабакаи оператор ҳарсола дар манотиқи ҷумҳурӣ пайваста васеъ мегардад. Диққати махсус ба сохтмони истгоҳҳои базавӣ дар саросари роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ буда, шоҳроҳҳои сатҳи минтақавӣ ва навоҳии дурдаст равона карда мешавад. Бинобар рӯз ба рӯз зиёдшавии теъдоди муштариён инчунин корҳои марбута дар самти тақвиятбахшии қобилияти иҷозатии истгоҳҳои базавии аллакай мавҷудбуда пеш бурда мешаванд. Дар ҳоли имрӯз аллакай наздики 400 ИБ-и насли дуюм ва сеюм мавриди модернизатсия қарор дода шудаанд.

Рушди шабака ҳамчунин ба "МегаФон" имкон медиҳад, ки суръати таҳвили маълумот зиёд карда шавад. Аз ҷумла ба шарофати он модеми нав бо суръати 42 Мбит/с ба фурӯш бароварда шуд. Имкониятҳои дастгоҳи навро муштариёни "МегаФон" дар минтақаҳои Душанбе, Хуҷанд, Қурғонтеппа, Кӯлоб, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Ҳисор, Турсунзода ва Чкаловск истифода бурда метавонанд. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97