12 созмон аз Тоҷикистон хостааст, то "анъанаи сайтбандон"-ро хотима диҳад

Хабари хуб 23.10.2014 16:35

chernyj-spisok12 созмони ҷамъиятӣ ва ҳомии ҳуқуқи Осиёи Марказӣ дар як изҳороти муштарак масдуд кардани сомонаҳои интернетӣ дар Тоҷикистонро маҳкум карда, аз мақомоти кишвар хостаанд, то ба даъватҳои ниҳодҳои байналмилии ҳуқу-қи башар гӯш дода, дастрасии бидуни маҳдуди-яти мардум ба Интернетро таъмин кунад.

Худдорӣ аз шеваҳо, чун  маҳдуд кардани дастрасӣ ба Интернет, ки ба ақидаи муаллифони изҳорот, нақзи ҳуқуқи инсон аст, ва эҳтиром гузоштан ба озодии баёну озодии гирдиҳамоӣ аз дигар талабҳои омада дар ин муроҷиатнома аст. Зери ин изҳороти муштарак 12 созмони минтақавӣ, аз ҷумла Анҷумани дастраскунандаҳои Интернети Тоҷикистон, Дафтарҳои ҳуқуқи башари Тоҷикистону Қазоқистон, НАНСМИТ, Ташабуси ҳуқуқи башари Туркманистон, "Нота бене" ва созмонҳои дигар имзо кардаанд.

Дар аввалҳои моҳи октябр дастрасӣ ба Фейсбук, Вконтакте, Ютюб ва даҳҳо сомонаи хабариву тарғиботӣ дастнорас шуданд. Ин амал дар рӯзҳое сурат гирифт, ки созмони мухолифи "Гурӯҳи 24" мардумро ба як тазоҳуроти эътирозӣ дар маркази Душанбе даъват мекард. Хадамоти алоқа - танзимкунандаи бозори телефонҳои мобил ва Интернети Тоҷикистон, гуфт, амре барои масдуд ё маҳдуд кардани ин сомонаҳоро надодааст.

Аммо дар изҳороти муштараки созмонҳои Осиёи Марказӣ гуфта мешавад, ки бастан, масдуд ё маҳдуд кардани сомонаҳои интернетӣ дар Тоҷикистон дар пешорӯи рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ ба як навъ "анъана" табдил ёфтааст, ки набояд дигар такрор шавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97