Боздошти Муаттара Ҷӯраева-наттоқи собиқи ТВТ

Хабари хуб 16.10.2014 13:46

muattara 0101

Муаттара Ҷӯраева, собиқ наттоқи телевизиони Тоҷикистон бо иттиҳоми "қаллобӣ" ва сарруфи 300 ҳазор доллар боздошт шудааст.

Муаттара Ҷӯраева , собиқ наттоқи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон, бо иттиҳоми "қаллобӣ" аз тарафи кормандони Оҷонсии зидди фасоди молии кишвар боздошт шудааст. Манобеи "Озодӣ" дар Оҷонсии зидди коррупсия мегӯянд, алайҳи Ҷӯраева бо моддаи 247, қисми 3, банди "а" ва бо моддаи 247, қисми 2, бандҳои "а, г"-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (қаллобӣ) парванда боз шуда, худи ӯ дар боздоштгоҳи муваққати Оҷонсӣ нигаҳдорӣ мешавад. Манбаъ афзуд, боздошти Муаттара Ҷӯраева рӯзи 13 октябри соли ҷорӣ сурат гирифтааст.

 

Ба гуфтаи манобеи "Озодӣ", Муаттара Ҷӯраева дар маҷмӯъ ба  тасарруфи қариб 300 ҳазор доллари мардум мутаҳҳам мешавад.  Вақте ин афрод аз Ҷӯраева хостаанд, ки пулашонро пас диҳад, ӯ гуфтааст, ин ҳама пулҳоро барои сохтани тарабхонае бо номи "Санавбар" сарф кардааст. Ин афрод баъди ноком шудани талошҳо барои гирифтани пулашон ба Оҷонсии мубориза бо фасод муроҷиат кардаанд.

Ҳамчунин Муаттара Ҷӯраева, ба гуфтаи мақомоти Оҷонсии зиддифасод, аз ду бонк ҳам қарз гирифтааст.

Ин наттоқи шинохтаи тоҷик, ки яке аз довталабони курсии вакилии Маҷлиси Намояндагон дар интихоботи соли 2005 буд, дар даври дувум интихоботро дар баробари Нодирҷон Солиҷонов, раҳбари вақти Китобхонаи ба номи Тошхӯҷа Асирии шаҳри Хуҷанд, бохт ва бо ҳамин аз кори телевизион низ канор рафт. Ӯ номзадияшро аз ҳавзаи ягонаи интихоботии ноҳияи Ашти вилояти Суғд, ки зодгоҳи падараш мебошад, гузошта буд.

М. Ҷӯраева ҳамон сол маҷаллаи рангаеро бо номи "Ҷаҳоннамо" низ ба чоп расонд, ки баъд аз чанд муддат ба далели мушкили молӣ аз фаъолият бозмонд.

Муаттара Ҷӯраева 4 июни соли 1975 дар хонаводаи забоншиноси тоҷик - Рустам Ҷӯраев таваллуд шуда, мактаби миёнаи рақами 60-и шаҳри Душанбе ва факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва дар соли 2003 факултаи молия ва қарзи ҳамин донишгоҳро хатм кардааст. Ӯ соли 2000, вақте ҳамагӣ 25 сол дошт, мудири шӯъбаи наттоқони телевизиони давлатии Тоҷикистон таъин шуд. Тайи 12 сол дар шабакаи аввали телевизиони давлатӣ наттоқи барномаи "Ахбор" ба забонҳои русиву тоҷикӣ ва ҳам муҷрии намоишҳои телевизиони "Субҳ" буд. Солҳои 2004-2005 сардабири идораи эҷодии "Субҳи Тоҷикистон" буд.

Ду писар - Акмал ва Икром - дорад.

Ӯ муаллифи китоби "Ҷилои ситораҳои телевизион" ва барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутии Иттиҳодияи журналистон дар соли 2003 мебошад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97