Дарвозаи Бранденбургск аз пуфакҳои ҳавоӣ

Хабари хуб 08.10.2014 20:10

sharik ppufakБа ифтихори  солгарди 25-и  Ваҳдати Олмон ҳайкалтароши олмонӣ ЗинаГрайнерт ҳамроҳбо 12 донишомӯзи мактаб дар шаҳриДушанбе дарвозаи Бранденбургскро сохтанд.

Маркази иттилоърасонии DAAD,  ки яке аз ташкилкунандагони лоиҳаи мазкур баҳисоб меравад, ба хабарнигори "Миллат" гуфт, ки  10 000 пуфакҳои ҳавоиро хонандагони макатаби №89 пойтахт муддати чаҳор рӯз  бо ҳамбастанд.

Муҷассамаи бузург  пештар дар боғи"Шаршари Наврӯзгоҳ" насб шуда буд, ки рӯзи4 октябри соли ҷорӣ маросими кушодашавии он аз суи сафири Давлати федеролииОлмон Холгером Грэн сурат гирифт.

Дар ин маросим қариб ҳазор нафар ширкатварзиданд. Дар чаҳорчӯбиин маросим ба кӯдакон бозиҳои дилхушӣпешниҳод гардид, ки онҳо метавонистанд аз пуфакҳо ҳар гуна арусак ва ашёи дилхоҳашонробисозанд.

Лоиҳаи мазкур бо дастгирии Хадамотиолмонии табодулоти илмии DAAD, Сафорати Олмон дар Душанбе, Донишкадаи Ҳёте дарТошканд, маркази забони олмонӣ  SLZ ваидораи ZfA амалӣ шудааст.

Фирдавси Давлат

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97