Узбакистон: Ҳама ба пахтачинӣ

Хабари хуб 23.09.2014 10:54

pakhtai uz maxТорнамои uznews.net менависад, имсол ҳам бештари кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва соҳибкорони Узбакистон ба чидани пахта сафарбар шудаанд.

 "Аз шаҳри Ангрен муаллимон, пизишкон ва сарпарастони кӯдакистонҳо ба ҷамъоварии пахта фиристода шудаанд. Дар ин миён 40 дарсади кормандони тиб ҳам бояд ба ҷамъоварии пахта ҷалб шаванд, ки дар қиёс ба соли гузашта 10 дарсад бештар аст",-навиштааст ин сайт.

Ба иттилои манбаъ, пизишкон гуфтаанд, дар сурати кофӣ набудани неруи корӣ эҳтимол чор беморхонаи шаҳрӣ баста шавад: "Ба хотири нагурехтан аз саҳро нусхаи шиноснома, ҷойи қайд ва рақами телефони ҳамаи пахтачинҳо гирифта мешавад. 40-50 дарсади муаллимон ҳам дар ин маъраки ҳузур хоҳанд дошт".

Яке аз омӯзгорони мактаби миёна гуфтааст, "мо дар мактаб ҳамагӣ 60 муаллим ҳастем. Аз ин теъдод, 28 нафар ба майдони пахта фиристода шудаанд".

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97