Роналдо мехоҳад ба Англия баргардад, аммо бар ивази 500 ҳазор фунт дар ҳафта

Хабари хуб 19.09.2014 16:00

Ronaldo cristianБозингари маъруфи дастаи футболи "Реал"-и Мадрид Криштиан Роналдо омодааст, ки дар яке аз дастаҳои футболи Англия бозӣ кунад, аммо ба шарте, ки маоши ҳафтаинааш аз 500 ҳазор фунт камтар набошад.

Рӯзномаи The Daily Mail, чопи Лондон, рӯзи 14 сентябр гуфтаҳои мутахассисони футболро овардааст, ки фақат се даста - "Челси", "Манчестер Юнайтед" ва "Манчестер Сити" тавони харидории Роналдо бо ин қиматро доранд.

Тобистони  соли 2013 Криштиан Роналдо омода буд дубора ба "Манчестер Юнайтед" баргардад, ки қабл аз гузаштан ба "Реал" шаш сол он ҷо бозӣ мекард, аммо раҳбарони "Манчестер Юнайтед" барои пардохти маблағи дилхоҳи Роналдо розӣ нашуданд.

Айни ҳол бозингари нави Манчестер Юнайтед" Радамел Фалкао, "гароннархтарин" футболбози Премер-Лигаи Англия маҳсуб мешавад ва маоши ҳафтаинааш 390 ҳазор фунт аст. Роналдо дар "Реал"ҳафтае  маблағи муодили 350 ҳазор фунтро мегирад. 

Қаблан расонаҳо навиштанд, ки Роналдо мехоҳад баъд аз хатми мавсими футболи солҳои 2014-2015 "Реал"-ро тарк намояд.

Дастаи "Реал" ин футболбози маъруфро, ки ахиран бори дуввум ба дарёфти ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ" муваффақ шуд, тобистони соли 2009 аз дастаи "Манчестер Юнайтед" бо баҳои 93 миллиону 400 ҳазор евро харида буд.  

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97