«МегаФон» истгоҳҳои нави базавиро дар шаҳрҳо ва марказҳои ноҳиявии вилояти Суғд ба кор даровард

Хабари хуб 11.09.2014 18:17

Antena megafonШиркати «МегаФон» дар он ҳудудҳои вилояти Суғд, ки ҷамъулҷамъ 135 000 истиқоматкунандагонро дар бар мегирад, истгоҳҳои нави базавиро ба кор даровард. Ин имкон дод, фарогирии шабака беҳтар карда шуда суръати интернети мобилӣ баланд бардошта шавад.

Истгоҳҳои нави базавии 2G/3G дар Спитамен, Б.Ғафуров, Конибодом, Ашт, Ҷ.Расулов, Зафаробод, Исфара, Мастчоҳ, Панҷакент ва Хуҷанд ба кор дароварда шуданд. Дар як қатор нуқтаҳои аҳолинишин фарогирии шабакаи насли сеюм беҳтар карда шудааст. Дар ҳоли ҳозир аллакай зиёда аз сеяки истгоҳҳои базавии «МегаФон» дар минтақа дастрасии баландсуръатро ба интернет бо суръати то 10 Мбит/с пешниҳод менамояд.

«Мо пайваста кӯшиш менамоем, ки фарогирии шабакаро дар вилояти Суғд беҳтар намоем: дар ин вилоят «МегаФон» аллакай зиёда аз 300 истгоҳҳои базавии 3G ва анқариб 200 ИБ-и насли дуюмро ба кор андохтааст, - изҳор дошт муовини якуми директории генералии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Денис НИКИТИН. Ин модернизатсия на танҳо имкон медиҳад, ки сифати хизматрасониҳои овозӣ беҳтар гардад, балки инчунин имкон медиҳад, ки суръати интернет низ баландтар карда шавад. Танҳо дар давоми як соли ахир суръати он қариб ду маротиба баландтар шудааст. Бо мақсади он ки сокинони минтақа ба сифат ва эътимоднокии алоқаи мо баҳои сазовор гузошта тавонанд, мо ба онҳо нархномаҳо ва опсияҳои қулайро, ба монанди «ГАП», «Лаббай» ва «Белимити Ҳақиқӣ» пешниҳод менамоем.

Барои маълумоти иловагӣ

Бо эҳтиром,

Фирӯза Бердиева

PR- менеҷери

Департамент оид ба робита бо ҷомеаи

ҶСП «TT мобайл», Тоҷикистон

ш.Душанбе, к.Ҳувайдуллоев 73/2

моб. (+992) 90 1000 484

e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.">Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97