«МегаФон» ба қабули меҳмонон омода гардид

Хабари хуб 09.09.2014 21:00

1413811-12 сентябри с.2014. Душанбе. Мутахассисони ширкати «МегаФон» шабакаро дар маконҳои баргузории ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) васеъ намуд.

 ДарчаҳорчӯбаиҷаласаиСҲШ, кисанаи 11-12 сентябргузаронидамешавад, бапойтахтиҷумҳурӣҳайатҳоикории 14 кишварҳоиоламташрифхоҳандовард. Бахусус, ташрифи президентони Россия, Хитой, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Монголия, Эрон, Туркманистон, Афғонистон ва сарвазири Покистон ва Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон ба назар гирифта шудааст. Бо мақсади он, ки меҳмонони хориҷӣ бидуни мушкилот аз хизматрасониҳои алоқа истифода бурда тавонанд, мутахассисони техникии «МегаФон» зарфиятҳои истгоҳҳои базавиеро, ки дар маконҳои баргузории ҷаласа насб гардидаанд, васеъ намуданд. Ба ғайр аз ин, суръати интернети мобилӣ берун аз шаҳр, дар минтақаи истироҳатии «Интурист»-и воқеъ дар ноҳияи Пугус, ки дар он инчунин чорабиниҳо бо иштироки меҳмонони хориҷӣ гузаронида хоҳанд шуд, баланд карда шуд.

 «Гузарониданиинсатҳчорабинӣ– бароиТоҷикистонифтихорибузургаст. Вале дар баробари ин масъулияти бузург ба ҳисоб меравад: мо бояд тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳем, то ки меҳмонони мо ба чизе эҳтиёҷ надошта бошанд. Бинобар ин «МегаФон» омодакунии шабакаи худро ба ҷаласа муддатҳо пеш аз оғози он шурӯъ карда буд. Ҳамин тариқ, мо ҳоло дар фасли баҳор шабакаро дар Душанбе мавриди модернизатсия қарор дода будем, ки дар натиҷаи он суръати интернети мобилӣ то ба 20 Мбит/с расида, суръати максималӣ 35 Мбит/с-ро ташкил медод. Мутмаинам, ки меҳмонон ба сифати хизматрасониҳои овозии мо баҳои сазовор хоҳанд дод», - мегӯяд директори иҷроияи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Андрей ШИШКОВСКИЙ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97