Дар Тоҷикистон – 3G-интернети «босифат»

Хабари хуб 05.08.2014 14:08

logotext31 июли соли 2014. Душанбе. Оператори алоқаи «МегаФон» дар маконҳои истироҳати анъанавии сокинони Тоҷикистон зиёдшавии трафикро дар шабакаи мобилии худ мушоҳида менамояд. Дар давоми моҳҳои нахустини тобистон ҳаҷми трафики 3G-шабакаи оператор 12 маротиба афзудааст. 

 

Дар ҳудуди истироҳатгоҳҳо ва маконҳои оммавии истироҳатӣ беш аз 40 истгоҳҳои базавии насли дуюм ва сеюм сокинони Тоҷикистонро бо алоқаи боэътимод таъмин мекунанд. Ҳарсола дар фасли тобистон сарбории ин ИБ ба маротиб меафзояд.

Масалан, аллакай аз рӯйи натиҷаҳои моҳи якум дар минтақаи истироҳатии назди Искандаркӯл муштариёни «МегаФон» дар муқоиса бо моҳи май 6 маротиба бештар трафики интернетро истифода бурдаанд. Дар истгоҳҳои базавии Ширкате, ки минтақаҳои маъмули истироҳатиро дар ноҳияҳои Аксикон, Варзоб, Норак ва истироҳатгоҳҳои Баҳористон ва Гармчашма бо алоқа таъмин менамоянд, зиёдшавии трафик аз 50% то 200%-ро ташкил кардааст.

 «Бо гармшавии ҳаво дар ҳамаи минтақаҳои истироҳатӣ зиёдшавии теъдоди сайёҳон ба мушоҳида мерасад. Танҳо ба ноҳияи Мурғоб ҳарсола зиёда аз 100 000 нафар барои истироҳаткунӣ меоянд, - мегӯяд директори иҷроияи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Андрей ШИШКОВСКИЙ. – Бо мақсади он, ки шабакаамон ба афзоиши трафик тоб оварда тавонад, бо назардошти маълумотҳои солҳои пешин ва зиёдшавии теъдоди муштариёну истифодабарандагони Интернети мобилӣ дар Тоҷикистон дар соли равон, мо бахшҳои навро дохил карда, танзимоти таҷҳизотро аз нав анҷом медиҳем. Он далеле, ки шабакаи мо дар моҳи июни соли равон дар муқоиса бо, масалан, моҳи майи соли 2014, 12 маротиба бештар трафикро роҳ додааст, натиҷаи назарраси корҳои гузаронидашуда маҳсуб мешавад».       

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97