Барои 90% аҳолии Бадахшон хидматрасониҳои «МегаФон» дастрас шуд

Хабари хуб 31.07.2014 12:17

Mega

Ширкати «МегаФон» лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди шабакаро дар ВМКБ дар нимсолаи аввали соли 2014 ҷамъбаст кард. Дар натиҷаи насби истгоҳҳои иртиботи бесими насли дуввум ва севвум дар минтақаҳои дурдаст ва мушкилгузари ВМКБ, дастрасӣ ба хизматрасонии гуфтугӯӣ ва интернети мобилии «МегаФон» барои 90% аҳолии минтақа дастрас шуд.

Дар нимсолаи аввали соли 2014 «МегаФон» панҷ истгоҳи иртиботи бесими 2G-ро дар ноҳияҳои Роштқалъа, Ямчун, Зинг, Хостав, Зиғар ва ду ИИБ-и 3G-ро дар ноҳияҳои Шуғнон ва Рошқалъа мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. 

ИИБ-и воқеъ дар Хостав ва Зиғар, дар баробари минтақаҳои аҳолинишин инчунин роҳи Дарвоз-Кӯлоб, ки дарозиаш 140 км аст таҳти пушиш қарор додааст.  Акнун ронандагоне, ки аз ин масир убур мекунанд, имкон доранд аз иртиботи гуфтугӯии «МегаФон» истифода баранд. Дар минтақаҳое, ки ИИБ нав насб шудаанд шабакаи барқ дастнорас аст. Бинобар ин ИИБ ба воситаи дигар манбаи барқ – бод ва офтоб фаъолият мекунанд. Бо истифода аз манобеъи гуногуни таъмини барқ «МегаФон» ҳатто дар ҳолати қатъи неруи барқ фаъолияти боэътимоди шабакаро таъмин карда метавонад.

Ҳамаги ҳафт ИИБ-и 2G ва 3G-и «МегаФон» беш аз 50 минтақаҳои хурди аҳолинишинро, ки баъзеашон комилан аз иртиботи мобили маҳрум буданд бо иртибот таъмин кард. Дар натиҷаи насби онҳо хизматрасониҳои ширкат барои 90% аҳоли дастрас шуданд. Чунин бозсозии густурд дар шабака имкон дод, ки суръати интернети 3G-и «МегаФон»-ро дар минтақа 1,5 баробар зиёд бикунад.   

«Барои минтақаҳои хурди дурдаст иртиботи мобилӣ ва интернети мобилӣ маъмулан ягона воситаи иртибот бо ҷаҳон мебошад.  Рушди босуръати шабака дар ВМКБ имкон дод, ки ҳатто дар баъзе деҳаҳои Роштқалъа, ки қаблан ҳеҷ гуна иртибот мавҷуд набуд,  аҳоли аз иртиботи гуфтугӯии «МегаФон» баҳравар шаванд., - мегӯяд директори иҷроияи ширктаи «МегаФон Тоҷикистон» Андрей ШИШКОВСКИЙ. – Дар чаҳорчуби ин лоиҳа мо на танҳои ИИБ навро мавриди баҳрабардорӣ қарор додем, балки шабакаи мавҷударо таҷдид кардем. Дар натиҷаи корҳои анҷомдода эътимод ба шабакаи мо ба маротиб зиёд шуд».

Имруз иртиботи боэътимоди «МегаФон»-ро дар ҳудуди ВМКБ беш аз 100 ИИБ-и 2G ва 3G таъмин мекунанд. Тайи 2 соли охир муштариёни ширкат дар минтақа якуним баробар зиёд шудааст. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97