SOS: Интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон кам шудааст

Хабари хуб 21.07.2014 13:54

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон 502 миллион доллар ворид шудааст, ки ин рақам дар муқоиса бо маблағҳои интиқолӣ дар ҳамин давра дар соли гузашта ҳудуди 14 дарсад камтар аст.

pulazrussiya Гуфта мешавад, ин маблағ баробар ба 30,8 дарсади тавлиди нохолиси дохилии Тоҷикистон аст. Ин дар ҳолест, ки мизони пулҳои воридотӣ аз Русия дар семоҳаи аввали соли гузашта баробари 41,3 дарсади тавлиди нохолиси дохилии Тоҷикистон будааст.

Як далели коҳиши мизони маблағҳои интиқолӣ аз Русия ба Тоҷикистон ба авоқиби таҳримҳои иқтисодии Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия рабт дода мешавад.

Ин дар ҳолест, ки дар моҳи майи соли ҷорӣ масъулони ниҳодҳои молии Тоҷикистон иброз дошта буданд, ки ин таҳримҳо дар рушди иқтисоди Русия асароти чандоне надошта ва мизони интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик ба ватан ба таври қобили мулоҳизае коҳиш нахоҳад ёфт.

Ба гуфтаи масъулони Бонки миллии Тоҷикистон, саҳми муҳоҷирони тоҷик дар маблағҳои воридотӣ аз Русияро мушаххас кардан душвор буда, мумкин аст бахше аз ин маблағҳо аз ҷониби тоҷирон ба ватан фиристода шавад.

Аммо бино ба гузориши расмии Идораи муҳоҷирати Русия дар аввали моҳи гузашта дар ин кишвар як миллиону 178 ҳазор муҳоҷири тоҷик сабти ном шудааст ва имкон дорад 95 дарсади маблағҳои воридотӣ аз сӯйи муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон фиристода шудааст.

Дар соли гузашта муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон ба маблағи 4 миллиарду 173 миллион доллар пул интиқол дода буданд, ки дар муқоиса бо соли 2012 (3 миллиарду 651 миллион доллар) 14,3 дарсад бештар буд.

Иқтисоди аксарияти хонаводаҳо, ки ба умеди дарёфти ризқ аз сӯи фарзандони муҳоҷири худ зиндагиашонро сомон мебахшанд, ба зарбаи шадиде дучор хоҳанд шуд. Акнун онҳоро зарур аст, ки барои дарёфти ризқ роҳҳои дигареро ҷустуҷӯ бикунанд. Аммо шоҳроҳи ин масир якест, он ҳам эҷоди шуғл аз сӯи давлат.

Суоле, ки "Миллат" барои блоки иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон ин ҷо мекорад, ин аст:

Оё барои боз кардани сафхаи пружаи ин шоҳроҳ дар рӯи мизи кории ҳукумат дер намешавад?!

"Миллат"


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97