Крупнов: Тоҷиконро бояд ба хубӣ шинохт

Хабари хуб 15.07.2014 18:25

krupnov

 Юрий Крупнов, коршиноси масоили иқтисодии Русия таъкид кардааст, ки бояд тасаввури нодурусте, ки шабакаҳои телевизиёнии Русия дар бораи коргарони муҳоҷири тоҷик дар зеҳнҳои умумии мардуми ин кишвар эҷод кардаанд, тағйир ёбад. Ба гузориши сайти «Парламентская газета» , доктор Юрий Крупнов бар ин эътиқод аст, ки тағйири ин дидгоҳ имкон медиҳад, ки равобити Тоҷикистон ва Русия вориди марҳалаи наве шавад, чаро ки Русия бо кумак ба саноатӣ кардани иқтисоди Тоҷикистон метавонад дар оянда аз тариқи ин кишвар барои рушди иқтисоди Афғонистон низ иқдом кунад. Аз дидгоҳи вай, дар ин сурат бо эҷоди ҷойи кор ва ё иштиғолзоӣ дар Афғонистон заминаи коҳиши кишт ва қочоқи маводи мухаддир, ки ҳамасола мушкилот барои Тоҷикистон ва Русия ба бор меоварад, фароҳам хоҳад шуд. Ин коршинос, поён додан ба таблиғоти расонаӣ алайҳи коргарони муҳоҷири тоҷик дар ин кишварро, ки талош мешавад онҳоро камсавод ва бидуни доштани касб муаррифӣ намоянд, хостор шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97