Ромит: Ба ҷойи истироҳат куштор

Хабари хуб 03.07.2014 14:45

romit-valleyПулиси ноҳияи Ваҳдат дар робита ба қатли як сокин дар истироҳатгоҳи Симин дар минтақаи Ромит парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Тибқи хабари торнамои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ин сокин дар пайи як даъво миёни чанд нафар аз афроде, ки дар ин макон машғули тафреҳ будаанд, кушта шудааст.

Дар ин иттилоъ, ки рӯзи душанбеи 30 июн пахш шудааст, омадааст, ки баъд аз зӯҳри рӯзи 28 июн миёни чаҳор нафар аз сокинони ноҳияи Файзобод, ки дар тафреҳгоҳи Симин машғули истироҳат буданд, даъво сар задааст.

Рустам Ёров, яке аз ин афрод дар ҷараёни муноқиша бо корд ба қисмати шиками Шералӣ Қосимов, ки низ сари як хон нишаста будааст, зарба мезанад ва дар натиҷа Шералӣ шадидан ҷароҳат мебардорад.

Пулис мегӯяд, ки Шералӣ Қосимов дар бемористони марказии ноҳияи Ваҳдат ҷони худро аз даст додааст. Пулис машғули таҳқиқи ангезаи даъвои миёни ин афрод будааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97