Бонки ҷаҳонӣ барои расидан ба "Роҳи абрешим"-и амрикоӣ шитоб кард?

Хабари хуб 02.07.2014 09:26

bonki jahoniКоршиноси масоили сиёсии Осиёи Марказӣ муътақид аст, ки тарҳи амрикоии "Ҷодаи бузурги Абрешим" дар Тоҷикистон дар ҳоли амалӣ шудан аст.

Ба гузориши сайти Авесто, Виктор Лисовский бо ишора ба яке аз бандҳои муҳими ин тарҳи мабнӣ бар эҷоди бозори энержӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ мавсум ба СASAREM, сафари охири хонуми Ниша Бисвал  муовини вазири умури хориҷаи Амрико ба Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба ин мавзӯъ муртабит медонад.

Вай таъкид мекунад, ки пас аз ин сафар, Бонки ҷаҳонӣ, ки солҳо дар заминаи эъломи натоиҷи таҳқиқи ҳайати коршиносии худ дар заминаи мушахассоти фаннӣ ва паёмҳои зистмуҳитии нерӯгоҳи барқи обии ниматамоми Роғун дар Тоҷикистон коршиканӣ мекард, ҳафтаи гузашта эълом кард, ки сохти ин тарҳи энержии Тоҷикистон барои минтақа бидуни зиён аст.

Ин коршинос, шитоб гирифтан дар таҳаққуқи тарҳи амрикоии "Роҳи абрешим" дар Тоҷикистонро ба талоши Русия, Белорус ва Қазоқистон мабнӣ бар эҷоди Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар соли 2015 муртабит медонад, ки бояд заминаи муқобила бо нақшаҳои Амрикоро дар минтақа фароҳам кунад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97