Муфтӣ: Арзон кунед!

Хабари хуб 28.06.2014 10:55

Saidmukarram abdulqodirzoda muftiМуфтии мусалмонони Тоҷикистон бо интишори як байния аз тоҷирону фурӯшандагони бозорҳо даъват карда, ки дар моҳи рамазон қиматҳоро пойин бибаранд.

Дар ин бора Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 24-уми июн ба Би-би-сӣ хабар додааст. Вай гуфта, ки ин баёния аз сӯйи бархе аз тоҷирони шаҳри Душанбе низ имзо шудааст.

Саидмукаррам Абдулқодирзода афзудааст: "Мутаассифона, мушоҳида мекунем, ки ҳамасола дар моҳи Рамазон дар бозорҳо қимати маҳсулоти ғизоӣ боло меравад. Мо даъват кардем, ки тоҷирони тоҷик аз барои савоб аз боло бурдани қиматҳо худдорӣ кунанд ва то ҳадди имкон нархҳоро пойин бибаранд."

Ҳамасола шаҳрдории Душанбе низ дар остонаи моҳи рамазон чунин баёнияе интишор медод. Ҳарчанд то оғози моҳи рамазон чаҳор рӯз боқӣ монда, вале шаҳрдорӣ дар ин замина то ҳол иқдом накардааст.

Зимнан, бо тасмими Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон моҳи рамазон рӯзи шанбеи 28-уми июн оғоз мешавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97