Youtube аз банд раҳо шуд

Хабари хуб 24.06.2014 19:36

youtubeДастрасӣ ба торнамои Youtube дар Тоҷикистон сар аз рӯзи 20 июн имконпазир шудааст. Ин шабакаи пурбинанда тақрибан аз 9 июн дастнорас шуда буд.

Анҷумани дастраскунандагони интернет дар Тоҷикистон мегӯяд, ки дастрасӣ ба Youtube имконпазир шуд ва ҳоло аз тариқи ҳамаи ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет, метавон бидуни мамониат вориди ин торнамо шуд.

Ассомиддин Атоев, раиси Анҷумани дастраскунандагони интернет мегӯяд, ки пас аз масдудияти якҳафтаина, дастарсӣ ба шабакаи иҷтимоии Youtube имконпазир шуд.

Ба гуфтаи ӯ, сарфи назар аз номае, ки онҳо рӯзи 18 июн ба унвони президенти Тоҷикистон навиштаанд ва то ҳанӯз посухи онро дарёфт накардаанд, аммо ҳоло Youtube дастрас мебошад.

Дафтари матбуоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон низ дастрас будани Youtube -ро тасдиқ кард ва дар мавриди гӯё аз тарафи мақомоти Тоҷикистон масдуд шудани ин торнамоҳо изҳори бехабарӣ кард.

Вале Асомидди Атоев гуфт, ки масъалаи пайваста бастану боз кардани шабакаҳои иҷтимоиро дар Тоҷикистон дар Шӯрои навбатии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди президенти кишвар баррасӣ хоҳанд кард.

Анҷумани дастраскунандагони Интернети Тоҷикистон 18 июн ба унвони президент Эмомалӣ Раҳмон нома ирсол дошта хоҳиш карда буд, ки дар амри боз шудани Youtube аз тарафи Хадамоти алоқа мусоидат кунад.

Дар Тоҷикистон тақрибан аз 9 июн дастрасӣ ба сомонаҳои Ютуб, Гугл ва Gmail масдуд шуда буд, вале Хадамоти алоқа даст доштани худро дар амри масдуд кардани ин сомонаҳо рад мекунад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97