Қирғизистон канали Намангонро баст то онро пок ва бозсозӣ кунад

Хабари хуб 23.06.2014 15:52

NamanganМақомоти давлати Бишкек эълом кардаанд, ки ба далели фарсуда шудани таҷҳизоти ҷӯй ё канали обёрии Намангон, ки аз ин кишвар оғоз мешавад, расондани об ба бахшҳое аз Фарғонаро то замони тармими ин шабакаи обёрӣ мутаваққиф хоҳанд кард.

Аммо ин иқдом, ки ҳамзамон дар пайи қатъ шудани гази содиротии Узбакистон ба ҷануби Қирғизистон гирифта шудааст, сару садоҳоеро ба миён овардааст, ки ин посухи қотеъи Бишкек ба амалҳои паёпай ва худсаронаи мақомоти Тошканд аст, ки аз сар гирифта шудааст.

Мақомоти давлати Бишкек эълом кардаанд, ки ба далели фарсуда шудани таҷҳизоти канали обёрии Намангон, ки аз ин кишвар оғоз мешавад, расондани об ба бахшҳое аз Фарғонаро то замони тармими ин шабакаи обёрӣ мутаваққиф хоҳанд кард.

Аммо бархе аз коршиносон муътақиданд, ки ин иқдоми давлати Қирғизистон посухе ба қатъи гази содиротии Узбакистон хоҳад буд.

Ба гузориши сайти КирТАГ, Доктор Морс Сориев бо ишора ба тасмими давлати Қирғизистон мабнӣ бар бастани канали Намангон ба баҳонаи тармими ин шабакаи обёрӣ, ки об беш аз 50 ҳазор гектар замини кишоварзии Узбакистонро таъмин мекунад, аз ин иқдом ба унвони оғози ҷанги об бо ин кишвари ҳамсоя  ёд кардааст.

Вай гуфта аст, ки қатъи оби Узбакистон дар фасли гармо, ки мавсими обёрӣ барои кишоварзони ин кишвар мебошад, таъйиде бар таҳдиди Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон аст. Зеро вай дар оғози соли ҷорӣ гуфта буд, ки ҷангҳои оянда дар Осиёи марказӣ бар сари об хоҳад буд.

Аммо бархе дигар аз соҳибназарон бар онанд, ки бояд Тошканд ҷавоби амалкардҳояшро билохира бигирад ва Бишкек кори дурусте мекунад, ки гоҳе аз гоҳ ба ин ҳамсояи зӯргӯяш дандони худро нишон медиҳад. Вагарна амалҳои беҷавоби ҳамсоякишварҳо ба Узбакистон боис шудааст, ки Тошканд ҳар гоҳ хост дар минтақа ғаш мекунад ва аз ҳар фишанге аллайҳи ҳамсоякишварҳои давру бараш истифода мекунад. Акнун бояд ин амалкардҳояшро дар пӯсти хеш эҳсос кунад. Бастани роҳи оби канали Намангон ҳоло гоми кӯчакест, ки яке аз ҳамсояҳои Узбакистон аз он ба ҳайси фишанги фишор кор гирифтааст. Фишангҳои зиёде ҳам зангхӯрда дар ҳамсоякишварҳо вуҷуд дорад, ки мумкин аст, дар пайи аз ҳади курпа бештар подарозии Тошканд, ин зангҳо шуста ва ин фишангҳо ба кор дароварда шаванд.

Боқӣ, Тошканд бояд сари ин фикр кунад, ки чи киштаеро бояд бидаравад. НЕ?!

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97