Қонуни интихобот не, ОБСЕ (САҲА) хоби ҳизбҳои сиёсиро парронд

Хабари хуб 20.06.2014 15:31

ahzobii siysiНамояндагони аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва коршиносони Суғду Хатлон дар нишасте дар шаҳри Хуҷанд рӯзи 17 июн ба зарурати такмили қонуни интихоботи Тоҷикистон таъкид карданд.

Бино ба иттилори радиои "Озодӣ" дар ин нишаст ислоҳ ва тағйири воридшуда ба қонуни Тоҷикистон "Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ" дар моҳи марти соли равон тафсир шуд.

Ҳуқушинос Бахтиёр Насруллоев гуфт, 29 тағйиру ислоҳ ва як банди нави воридшуда ба қонуни интихобот умдатан ҷузъӣ буда, ҷиҳатҳои мутобиқгардонӣ ба қонунҳои дигар доранд: "Вале пешниҳод ва талошҳои чандинсолаи ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба хотири иштироки бемамониати онҳо дар интихоботҳо дар ин тағйиру иловаҳо дида намешавад ё камранг аст."

Ба ақидаи Насруллоев, тағйири муҳими мусбат ба банди 32-и қонуни мазкур ва як баробар кам кардани гарави интихобот аз 200 нишондиҳандаи ҳадди ақал, муодили 8 ҳазор сомонӣ ба 100 нишондиҳанда аст. Вале баргардонида нашудани маблағи номзадҳо аз ҳавзаҳои якмандатӣ дар сурати пирӯз нашудан ва ҳизбҳои сиёсӣ дар сурати ба даст наовардани 5 дар сади овози овозиҳандагон аз нигоҳи ин коршинос, дар шароити камбизоати қисмати умдаи мардуми Тоҷикистон дуруст нест. Ва имкони баробари иштироки шарҳвандон, чи дорову чӣ нодорро зери суол мебарад.     

Ба назари Муҳаммадшариф Набиев, раиси Шӯрои ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб ва аз иштирокдорони нишасти аҳзоби сиёсӣ дар Хуҷанд, таъсиси ҳавзаҳои интихоботӣ тибқи пешбарии ҳукуматҳои маҳаллӣ як навъ маҳдуд кардани имони аҳзоби сиёсӣ мебошад: "Шояд, мо як нафари мувофиқро дар маҳале пайдо карда натавонем ва аз маҳали дигар нафари зарурӣ ва қонундонро биёварем барои узвият дар ҳавза. Аммо тағйир дар қонуни интихобот инро иҷозат намедиҳад ва имконоти моро ҳам танг мекунад."

Вале Аҳмадҷон Ализода, раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар вилояти Хатлон ин тағйир дар қонуни интихоботро дуруст меномад, ки ба натиҷаи интихобот таъсире нахоҳад дошт, агар ҳизби сиёсӣ ҷонибдории мардумро ба даст оварда бошад.  Вай меафзояд: "Дар бораи он чӣ  боиси нигаронии бархе намояндагони ҳизбҳо шудааст, ман мегӯям, ки дар давлатҳои тараққикардаи дунё низ тибқи қонуни интихобот дар ҳавзаву қитъаҳои интихоботӣ намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ дохил намешаванд. Аммо имрӯз гурӯҳҳо ва ҳизбҳои алоҳидаи Тоҷикистон инро мехоҳанд. Ман фикр мекунам, оянда дар мо низ чунин мешавад, ки дар ҳавзаву қитъаҳо намояндаи ягон ҳизбҳои сиёсӣ дохил намешаванд."

Аммо дар ҳоли ҳозир, аъзои ҳавзаву қитъаҳои интихоботӣ дар Тоҷикистон, дар мисоли интихоботи парлумонии гузаштаи Тоҷикистон, умдатан аъзои Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистонанд, ки имконоти баробари ҳизбҳои сиёсиро зери савол бурдааст. 

Гулчеҳра Муродова, мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, дигар аз иштирокдорони нишасти Хуҷанд мегӯяд: "Барои дар оянда боз ҳам такмил додани Қонуни интихобот пешниҳодҳои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳизбҳои сиёсиро гирифта мешуд, ба хотири беҳбудии кор мебуд. Аммо ин қадами аввалин аст, ки моро бо ҳам наздиктар кард."

Муколамаи намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, мақомот ва коршиносони Суғду Хатлон барои бори аввал дар доираи барномаи муколамаи ҳизбҳои сиёсиву созмонҳои ҷамъиятии Суғд дар Хуҷанд таҳти сарпарастии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) баргузор гашт.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97