Русия аз Узбакистон "ёд" гирифт; гази Украинаро қатъ кард

Хабари хуб 18.06.2014 17:56

ukraine afpУкраина мегӯяд, ки Русия судури газ ба ин кишварро баъд аз шиддат ёфтани ихтилофоти байни ду кишвар бар сари қарзҳои Украина қатъ кардааст.

Ширкати русии "Газпром" гуфт, ки Украина бояд аввал қазҳои қаблии худро, ки қодир ба пардохти он набуда, бипардозад.

Бузургтарин содиркунандаи гази ҷаҳон таҳдид карда буд агар Украина то соъати даҳи субҳи 16 июн ба вақти Маскав бидеҳии 1.95 миллиарддолариашро напардозад, содироти газро ба ин кишвар мутаваққиф хоҳад кард.

Ширкати русӣ гуфтааст, ки ба содироти гази худ ба Аврупо идома медиҳад. Бо вуҷуди ин, коршиносон муътақиданд таваққуфи гази Русия ба Украина метавонад Иттиҳодияи Аврупоро ҳам таҳти таъсир қарор диҳад.

Музокироте, ки мавриди ин ихтилофот бо миёнаравӣ Иттиҳодияи Аврупо дар ҷараён буд, бидуни натиҷа ба поён расид. Бо ин ҳол Гунтер Этингер, вазири энержии Иттиҳодияи Аврупо, ки дар ин гуфтугӯҳо ҳузур дошт, гуфта буд ҳанӯз роҳи тавофуқ баста нашудааст.

Гунтер Этингер пешниҳод карда буд, ки давлати Украина то имрӯз як миллиард доллар аз қарзҳояшро бипардозад ва боқимонда ба сурати қисмӣ пардохта шавад.

Авоили ин моҳ вақте "Газпром" 786 миллион доллар аз қарзҳояшро дарёфт кард, ба Украина муҳлати бештаре барои пардохти боқимондаи он дод.

"Газпром" ҳудуди се моҳ пеш Украинаро муттаҳам кард, ки қарзҳояшро ба ин ширкат напардохта аз ин рӯ тахфиферо, ки барои фурӯши газ барои Украина дар назар гирифта буд, лағв кард.

Виктор Янукович, раиси ҷумҳури собиқ ва барканоршудаи Украина, шаш моҳ пеш ин тахфифро аз Русия гирифта буд.

Дар он замон Русия ҳар ҳазор метри мукаъаб газро 268 доллар ба Украина мефурӯхт, аммо акнун қиматро ба 485.50 доллар афзоиш дода, ки болотарин нарх дар Аврупо аст.

Украина мегӯяд, худдориаш аз тасвияи қарзҳо дар эътироз ба ҳаштод дарсад афзоиши қимат будааст.

Киев ҳамчунин эълом карда буд дар сурате, ки Русия қимати газро ба 324 доллар барои ҳар ҳазор метри мукаъаб коҳиш диҳад, ҳозир аст як миллиард доллар аз қарзҳои худро бипардозад, аммо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфтааст қиматро аз 385 доллар дар ҳар ҳазор метри мукаъаб пойинтар нахоҳад овард.

Понздаҳ дарсади гази Аврупо аз Русия ва аз тариқи Украина таъмин мешавад аз ин рӯ аъзои Иттиҳодияи Аврупо бодиққат мавзӯъро зери назар доранд.

Бо афзоиши таниш байни Русия ва Украина бахусус бар сари манотиқи шарқии Украина эҳтимоли тавофуқ коҳиш ёфтааст.

Русия ба тазоҳуроти хушунатомезе, ки охиран беруни сафорати ин кишвар дар Киев сурат гирифт, вокуниши хашмолуде нишон дод.

Ин тазоҳурот пас аз он буд, ки ҷудоихоҳон дар шарқи Украина як ҳавопаймои низомии Украинаро бо 39 сарнишин сарнагун карданд.

Вазорати хориҷаи Амрико ва Украина Кремлинро муттаҳам кардаанд, ки силоҳҳои сангин ва танк дар ихтиёри ҷудоихоҳони ҳаводори Русия дар шарқи Украина гузоштааст.

Украина мегӯяд, ки Русия судури газ ба ин кишварро баъд аз шиддат ёфтани ихтилофоти байни ду кишвар бар сари қарзҳои Украина қатъ кардааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97