Бонки Ҷаҳонӣ: Қишри миёна дар Тоҷикистон 3 % аст

Хабари хуб 11.06.2014 20:05

bonki jahoniБино ба гузориши тозаи Бонки Ҷаҳонӣ, танҳо се дарсад аз ҷамъияти Тоҷикистон қишри миёна ба ҳисоб мераванд.

Ин дар ҳолест, ки коршиносон мизони фақр дар Тоҷикистонро беш аз 40 дарсад унвон мекунанд.

Қишри миёна шомили афроде мешавад, ки дар як рӯз танҳо то даҳ доллар масраф мекунанд.

Ба эътиқоди соҳибназарон, мизони пойини қишри миёна дар ҷомеъаи Тоҷикистон мояи нигаронӣ мебошад. Зеро танҳо мизони болои ин қишр таъмини суботи иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоъӣ дар кишварро замонат медиҳад.

Ба унвони мисол, таъкид мешавад, ки дар кишварҳои пешрафта қишри миёна шомили беш аз 50 дарсади ҷамъияташон мешавад. Ин қишр пешбарандаи ҷомеъа ба сӯи модернизатсия маҳсуб мешавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97