ФБҶ СС ва ҲА ва EAST AIR ба муҳоҷирон ёрӣ медиҳанд

Хабари хуб 10.06.2014 10:54

SelectedPix09-уми июни соли 2014, шаҳри Душанбе  Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) ва ширкати ҳавоии East Air бо анҷоми як иқдоми муштараки иҷтимоӣ миёни мусофирони ширкат баргаҳои иттилоотӣ дар мавзӯъи ҷилавгирӣ аз сил ва табобати онро тақсим карданд.

Баргаҳои иттилоотӣ дар курсиҳои нишасти ҳавопаймоҳои ширкати East Air дар парвозҳои аз самти Қурғонтеппа ва Кӯлоб ба шаҳрҳои Русия ва бозгашт гузошта шудаанд. Ин иқдом дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи ФБҶ СС ва ҲА сурат гирифт, ки ҳадафаш боло бардоштани сатҳи огаҳии муҳоҷирони корӣ аз қоидаҳои беҳдоштӣ ва тандурустӣ, ВИЧ/СПИД, амрози зуҳравӣ, ҳепатитҳои В ва С, пешгирӣ аз сил, ва машваратҳои ҳуқуқӣ мебошад.

Баргаҳои иттилоотӣ-омӯзишӣ дар мавзӯъи сил дар парвозҳои ширкати ҳавопаймоии East Air аз Қурғонтеппаву Кӯлоб ба Маскав, Санкт-Петербург, Челябинск, Новосибирск, Екатеринбург, Оренбург ва бозгашт тақсим мешаванд. Лоиҳаи ФБҶ СС ва ҲА бо мусоидати созмони ҷамъиятии русиягии СПИДинфосвяз дар чаҳорчӯбаи барномаи русиягии «Мусоидат ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар мубориза бо маризиҳои гузаранда» амалӣ мешавад.

Фаррух Қосимов, раҳбари барномаҳои кор бо муҳоҷирон дар Намояндагии ФБҶ СС ва ҲА дар Тоҷикистон, мегӯяд: Дониши кам аз хадамоти тиббӣ, ба мисли огоҳӣ ва ҷилавгирӣ аз ВИЧ ва сил, амрози зуҳравӣ ва ироаи ёрии аввал ба осебпазирии муҳоҷирон меафзаояд. Бисёре аз муҳоҷирон, чун дар сохтмон кор мекунанд, чандин нафар дар хонаҳои хурди сохтмончиён ва дар ҳолати ногувори беҳдоштӣ ба сар мебаранд, ки онҳоро аз нигоҳи тиббӣ осебпазиртар мегардонад. Аз ин рӯ, дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳа мо ба баланд бардоштани сатҳи огаҳии муҳоҷирони корӣ аз масоили тандурустӣ ва беҳдоштӣ таваҷҷӯҳ мекунем».

Баргаҳо дорои маълумоти асосӣ дар мавриди бемории сил, хатарҳои асосӣ ва роҳҳои ҷилагвирӣ аз гирифторӣ ба сил мебошанд. Анатолий Галунов, мудири кулли East Air, мегӯяд, дар чандин соли ахир ин нахустин таҷрибаи ҷалби як ширкати ҳавоӣ ба иқдоми мутталеъсозии қишрҳои муайяни аҳолӣ дар мавриди тандурустӣ мебошад. Ӯ мегӯяд: Бо дарки муҳиммияти огаҳӣ аз мавзӯъҳои ҳаётан муҳим, мо шодем, ки дар ин кори хайру башардӯстона саҳми худро мегузорем. Аз оғози ин иқдом дар парвозҳои худ мо ба мусофирон на танҳо маҷаллаи худ ва маводи дигари иттилоотӣ, балки боз баргаҳои иттилоотӣ дар мавзӯъи сил, табобат ва пешгирии онро низ пешниҳод дорем.

Бо мусоидати Намояндагии Федеросюни байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) чанде пеш нахустин Маркази иттилоотӣ-омӯзишии худро барои муҳоҷирон ва аҳли хонадони онҳо дар шаҳри Қурғонтеппа, маркази маъмурии вилояти Хатлон, боз кард. Маркази мазкур бо маблағгузории созмони ҷамъиятии русиягии СПИДинфосвяз дар чаҳорчӯбаи барномаи русиягии «Мусоидат ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар мубориза бо маризиҳои гузаранда» фаъолият мекунад. Муҳоҷирони эҳтимолии корӣ, муҳоҷирони бозгашта, ва ҳамчунин, аҳли хонадони онҳо дар ин марказ имкон доранд, ройгон машваратҳо дар мавзӯъи ВИЧ/СПИД ва ҳаққи қонунии дастрасӣ ба хидматгузориҳои тиббӣ дар Русия, ва машваратҳои ҳуқуқӣ бигиранд, ва ҳамчунин, ройгон забони русӣ ва кор бо роёна ва барномаҳои тозатарини фанновариҳои иттилоотӣ барои тамос бо наздиконашонро биомӯзанд. Дар давоми солҳои 2009-2013 бештар аз 20 000 муҳоҷири корӣ ва аъзои хонадони онҳо аз ёриҳои ин марказҳо баҳра гирифтаанд.

Баргаҳои иттилоотӣ-омӯзишӣ дар мавзӯъи сил барои муҳоҷирони корӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дар шаҳри Қурғонтеппа бо мусоидати созмони ҷамъиятии русиягии СПИДинфосвяз дар чаҳорчӯбаи барномаи русиягии Мусоидат ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар мубориза бо маризиҳои гузаранда нашр ва тақсим мешаванд.

Ширкати ҳавоии East Air аз соли 2007 бад ин сӯ дар бозори Тоҷикистон фаъол аст. Дар ҳоли ҳозир, ин ширкат аз Кӯлоб ва Қурғонтеппа ба Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Қазон, Новосибирск, Оренбург ва Челябинск парвоз мекунад. Ширкат дорои ҳавойпамоҳои истеҳсоли ғарбии Boeing 737 ва Airbus A320 мебошад.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97