Қатли як хатмкунандаи мактаб дар остонаи Занги охир

Хабари хуб 05.06.2014 09:52

jangi maktabВазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки даҳ нафар аз сокинони шаҳри Душанберо ба гумони лату кӯб ва қатли як шогирди мактаби ҳамагонӣ дар ин шаҳр боздошт кардааст.

Сайти расмии ин вазорат дар як хабар,ки рӯзи душанбеи 2 июн ба нашр расидааст, овардааст; дар миёни ин афрод як сокини 19-сола буда ва боқимонда аз онҳоро шогирдони макотиби ҳамагонӣ ва литсейҳои ин шаҳр ташкил медиҳанд.

Боздошти ин афрод дар пайи лату кӯб ва шадидан захмӣ шудани писари 17-солаи Шамсиддин Зарипов, сокини шаҳри Ваҳдат ва бурдани шикоят аз сӯйи ӯ дар мавриди ҷон додани писараш сурат мегирад.

Тибқи хабари пулис Зарипов дар шикояти худ овардааст, ки рӯзи 30 май як гурӯҳе аз афроди номаълум писари ӯро, ки шогирди соли 11 таҳсили мактаби ҳамагонӣ будааст, шадидан лату кӯб карда ва қисмати шиками ӯро пора карда ва аз ҷои воқеъа фирор мекунанд. Дар натиҷаи ҷароҳати сангини шикам ин ноболиғ дар бемористон ҷон додааст.

Кормандони пулис мегӯянд, ки дар пайи ин воқеъа гурӯҳи фаврӣ ҷустӯҷӯйиро таъсис дода ва рӯзи 31 май Баҳрулло Асоев, сокини шаҳри Душанбе мутаваллуди соли 1995-ро ҳамроҳ бо нӯҳ нафар аз ноболиғони аз 17 то 18-сола боздошт кардаанд.

Кормандони пулис аз ҷавонон даъват кардааст, ки аз амалҳои хушунатбор алайҳи ҳамдигар даст бикашанд.

Ин дар ҳолест, ки дар панҷ соли ахир афзоиши задухӯрди ноболиғон ба як мавзӯъи доғе дар шаҳри Душанбе ва манотиқи дигари Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Дар моҳи феврали соли ҷорӣ низ кормандони интизомӣ аз задухӯрди миёни шогирдони аз 16 то 18-солаи макотиби ҳамагонии шумораҳои 59 ва 32 шаҳри Душанбе хабар дода буданд. Дар он задухӯрд низ як ноболиғ шадидан захмӣ шуда ва ҳудуди шаш навҷавони дигар боздошт шуда буданд.

Аз сӯйи дигар коршиносон аз афзоиши ҷароим, аз ҷумла сирқат ва авбошӣ дар миёни ноболиғон дар Тоҷикистон дар панҷ моҳи соли ҷорӣ изҳори нигаронӣ кардаанд.

Тибқи гузоришҳои расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар зиндон барои ноболиғон дар Тоҷикистон ҳудуди 60 нафар аз кӯдакон ва навҷавонони зери 18-сола барои содир кардани ҷиноёти мухталиф зиндонӣ ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол маркази матбуоти Вазорати корҳои дохила хабар медиҳад, зимни гузаронидани чорабиниҳои иловагӣ аз ҷониби кормандони бахши фаврии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Сино-2, ҳамчун гумонбар дар шарикӣ ба ҷинояти мазкур шаҳрвандон Фарҳод Рауфов, Фазлиддин Сатторов, соли таваллудашон 1996 ва Баҳодур Раҳимов, соли таваллудаш 1994, сокинони пойтахт низ дастгир шуданд.

Нисбат ба нафарони мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97