Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

"Тоҷиктелеком" ба давлат зарар расонд

Хабари муҳим 30.04.2009 14:35

Агенти мубориза бо назорати молӣ ва корупсия дар нишасти матбуотиаш эълом дошт, ки тахаллуфоти густардаеро дар фаъолияти ширкати давлатии "Тоҷиктелеком" ифшо кардааст ва аснодро барои расидагӣ ба додситонӣ пешниҳод кардааст.

Ба гуфтаи ин мақомот, тахаллуфот дар фаъолияти "Тоҷиктелеком" пас аз бозрасии фаъолияти ин ширкат ошкор шудааст. Раиси Агентии назорати молӣ ва мубориза бо корупсия Шерхон Салимзода дар ин бора гуфт: "Мо бозрасии ин ширкатро ахиран анҷом додем ва мушаххас кардем, ки ин ширкат ба буҷаи давлат ба маблағи беш аз се миллион сомонӣ зарар ворид кардааст. Шаст дарсади ин маблағҳо баргардонда шуд ва мо санадҳои марбутро ба додситонӣ пешниҳод кардем." Ӯ афзуд, ки дар ин бозрасӣ ҳамчунин ошкор шудааст, ки идораи бозрасии мухобиротӣ марбут ба "Тоҷиктелеком" бо истифода аз маблағҳои давлат барои бархе аз кормандони худ манзил харидорӣ кардааст.

Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи Шерхон Салимзода аз аввали соли ҷорӣ пас аз бозрасии молии вазоратхонаҳо ва муассисоти давлатӣ 403 нафар аз кормандони ин идораҳо ба далели мудирияти нодуруст ва тахаллуфот ҷазои интизомӣ, идорӣ ва молӣ гирифтаанд.

Зимнан, ширкати "Тоҷиктелеком" танзими мухобироти телефонҳои собит ва назорати ҳарими ҳавоӣ барои сигналҳои мухобиротӣ дар кишварро ба ӯҳда дорад ва дар солҳои ахир хадамоти дигар, монанди фароҳам кардани интернет ва кортҳои иртиботи байналмилалиро роҳандозӣ кардааст.

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97