Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

"Форс" бо "Юсуф паёмбар" дар Душанбе

Хабари муҳим 30.04.2009 14:34

Хабаргузории хусусии "Форс"-и Ҷумҳурии Исломии Ирон, ки нахустин хабаргузории ғайридавлатӣ дар Ирон мебошад, намояндагии худро дар шаҳри Душанбе субҳи имрӯз 30.04.09 расман ифтитоҳ намуд.

Ба гуфтаи оқои Ҳамиди Муқаддамфар, мудири кулли хабаргузории "Форс", ин аввалин дафтари хабаргузории мазкур дар Осиёи Миёна мебошад.

Оқои Муқаддамфар инчунин фармуд, ки хабаргузории "Форс" асосан ба масъалаҳои фарҳангӣ забонӣ ва илмию иҷтимоӣ таваҷҷӯҳ дошта бо чор забон; форсӣ, англисӣ, арабӣ ва туркӣ хабар пахш мекунад. Дар мусоҳибааш бо "Миллат" мудири кулли хабаргузории мазкур ҳадафи ифтитоҳи намояндагии ин хабаргузориро дар Душанбе чунин шарҳ дод: "Тоҷикистон бо далели доштани муштаракоти забонӣ, фарҳангӣ ва торихӣ бо Ирон аз авлавият бархурдор аст, биноан мо тасмим гирифтем, нахустин дафтари минтақавии худро дар Осиёи Марказӣ дар Душанбе ифтитоҳ намоем". Оқои Муқаддамфар инчунин нақши хабаргузориии "Форс"-ро дар муаррифии бештари кишвар ва миллати тоҷик дар Ирон муҳим арзёбӣ намуда гуфт, умедвор аст талошҳои онҳо дар ба ҳам овардану наздиктар сохтани ду миллати дӯсту бародари Ирону Тоҷикистон нақши муҳимеро ифо намояд.

Ёдовар мешавем, ки хабаргузории "Форс" дар маросими ифтитоҳи дафтари душанбегии худ коргардони филми маҳбуби "Юсуф паёмбар"- Фараҷуллоҳ Салаҳшур ва се ҳунарпешаи дигари он иштирок доштанд.

Оқои Муқаддамфар ба суоли "Миллат" ки чаро Мустафо Замонӣ иҷрокунандаи нақши асосиро бо худ ба Душанбе наовардаанд фармуд: "Мустафо Замонӣ дар ҳоли ҳозир дар Ирон нест. Агар мебуд ӯро ҳам бо худ меовардем".

С. ЮСУФӢ

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97