Сабти сайёри довталабон дар Айнӣ ва Тавилдара, Дарвоз дар навбат аст

Хабари хуб 01.04.2014 19:51

tj students library304Маркази миллии тестии Тоҷикистон ду нуқтаи изофии сайёр барои сабти довлатабони вуруд ба донишгоҳҳо дар ноҳияҳои кӯҳистонии Айнӣ ва Тавилдара таъсис додааст.

Қарор аст базудӣ як нуқтаи дигар барои сабти довталабон дар ноҳияи кӯҳистонии Дарвоз ифтитоҳ шавад.

Ин марказ ҳамчунин барои омӯзиши кормандони муваққатӣ, ки дар марказҳои вилоятҳову навоҳӣ ва шаҳрҳои Тоҷикистон имтиҳоноти дохилшавӣ ба донишгоҳҳоро доир мекунанд, озмун эълом кардааст.

Бо таваҷҷуҳ ба имкони афзоиш ва коҳиши довталабон дар маҳаллоти ҷудогона, нуқтаҳои сайёр мумкин аст дар оянда аз як маҳал ба маҳаллоти дигар низ кӯч дода шаванд.

Ифтитоҳи нуқтаҳои сайёр дар ноҳияҳои кӯҳистонии Тавилдара ва Айнӣ дар ҳолест, ки рӯзи 17 март дар як садама дар роҳи Айнӣ-Хуҷанд чанде аз шогирдони як мактаб ҳамроҳи устодон  аз ноҳияи Айнӣ, ки барои сабти ном ба маркази вилояти Суғд мерафтанд, ҷони худро аз даст доданд.

Марҳилаи сабти довталабони вуруд ба донишгоҳҳои Тоҷикистон аз аввали моҳи март оғоз шуд ва то 15 апрел идома хоҳад дошт. Маркази миллии имтиҳонот пештар эълом карда буд, ки дар 20 нуқта дар марказҳои вилоятҳову шаҳрҳо ва навоҳӣ бунгоҳҳои сабти довталабонро таъсис додааст.

То 31 март дар саросари Тоҷикистон беш аз 23 ҳазор нафар аз довталабони вуруд ба донишгоҳҳо сабтином шудаанд. То поени муҳлат имкон дорад то 50 ҳазор нафар сабти ном гарданд.

Бар асоси иттилоъи манобеъи расмӣ, шумори фориғуттаҳсилони соли ҷорӣ дар саросари кишвар беш аз 100 ҳазор нафар баровард шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар донишгоҳҳо ва муассисоти дигари олии Тоҷикистон ҳудуди 40 ҳазор ҷой барои довталабон вуҷуд дорад.

Дар ҳамин ҳол, Маркази миллии имтиҳонот тасмим дорад барои баргузории имтиҳоноти вурудӣ дар минтақаҳои гуногун марказҳои вижаи имтиҳонӣ низ таъсис бидиҳад. Шумори ин марказҳо имкон дорад ба 40 адад бирасад. Ин ниҳод барои омӯзиши кормандони муваққатии ин марказ ба тренерон ниёз дорад.

Дар торнамои расмии Маркази миллии имтиҳонот омада, ки ин ниҳод барои ҷалби 40 мураббӣ (тренер) барои омӯзиши кормандони муваққатӣ озмун эълом кардааст. Афроди интихобшуда аз ду то панҷ ҳафта (аз 19 май то 18 июн, бо имкони тамдид) барои кормандони муваққатӣ семинарҳои омӯзишӣ доир хоҳанд кард.

Мураббиён бояд дипломи таҳсилоти олӣ ва на камтар аз панҷ сол собиқаи кори омӯзгорӣ ва ҳамчунин таҷрубаи кофӣ дар заминаи баргузории имтиҳонот дошта бошанд. Манобеъи Маркази миллии имтиҳонот мегӯянд, ки ин афрод бояд забонҳои тоҷикӣ ва русиро низ хуб балад бошанд.

Маркази миллии имтиҳонот як ниҳоди вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки ба манзури контроли раванди вуруд ба донишгоҳҳо ва ҷилавгирӣ аз фасоди густарда, ки ҳамасола дар замони супурдани имтиҳоноти вурудӣ ба донишгоҳҳои кишвар мушоҳида мешуд, таъсис ёфтааст.

Ин ниҳод имсол бори аввал имтиҳоноти саросариро барои довталабони вуруд ба донишгоҳҳо ва муассисоти омӯзиши олии Тоҷикистон баргузор мекунад.

Ин марказ дар баробари гирифтани имтиҳон аз довталабон гузаштан аз як имтиҳони ҷиддиро худ таҷриба мекунад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97