Корпартоии сафоратхонаҳои Исроил дар саросари ҷаҳон

Хабари хуб 29.03.2014 16:16

korpartoiДар пайи корпартоии саросарии кор-мандони Вазорати умури хориҷаи Исроил, дар эътироз ба ҳуқуқ ва шароити кор тамоми сафоратхонаҳои он дар саросари ҷаҳон таътил шуд.

 

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Russia Today, сафирҳои Исроил, ки дар кишварҳои хориҷӣ машғул ба кор ҳастанд, дар маҳали кори худ ҳозир нашуданд ва тамоми хадамоти консулӣ лағв шуда аст. Ҳамчунин дар даврони эътисоби дипломатҳои исроилӣ дар ҳеҷ як аз нишастҳои байналмилалӣ ҳозир нахоҳанд шуд.

Кормандони Вазорати умури хориҷаи Исроил дар баёнияе эълом карданд: «Имрӯз барои аввалин бор дар таърихи Исроил Вазорати умури хориҷа таътил мешавад ва ҳич коре таҳти ихтиёроти ин вазоратхона анҷом нахоҳад шуд.»  

Дар ин баёния бо ишора ба шароити номусоиди ҳуқуқи кормандон омада аст: «Шароити кор барои кормандони исроилӣ душвор аст ва мо умед дорем, ки Вазорати дороӣ иқдоме анҷом диҳад.»

Пеш аз ин низ кормандони Исроил ҳамчунин иқдоме анҷом дода буданд, ки пас аз ҳафт моҳ музокира, саранҷом эътисоби онҳо дар чаҳоруми март ба поён расида буд, аммо дар пайи адами иқдоми муносиби Вазорати дороии Исроил, эътисобҳо аз сар гирифта шуд.   

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97