Се ширкати тоҷикӣ роҳии намоишгоҳи байналмилалии Истамбул шуданд

Хабари хуб 28.03.2014 15:13

Stambul 0Се ширкати нассоҷии Тоҷикистон барои ширкат дар намоишгоҳи байналмилалии ришта ва нахи пахта ба Туркия сафар кардаанд.

Намоишгоҳи байналмилалии ришта ва нахи пахта аз 26 то 29 март дар шаҳри Истамбули Туркия баргузор мешавад, ки Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ ширкатҳои "Спитамен Текстайлз", "Тента Кӯлоб" ва "Файзи Истиқлол 2011" намояндагӣ мекунанд."

Бино ба гуфтаи масъулини намояндагии Маркази Байналмилалии Тиҷорат дар Тоҷикистон ширкатҳои Тоҷикистон бо омодагии комил ва бо тавлидоти рақобатпазир дар бозори ҷаҳонӣ ба намоишгоҳи Истамбул рафтаанд, ки умед аст, ҷойгоҳи Тоҷикистон дар миёни дигар кишварҳои ширкаткунанда дар ин намоишгоҳ боз боло хоҳад рафт. Намояндагии Маркази Байналмилалии Тиҷорат ба он умед ҳастанд, ки агар аз як тараф иштироки ширкатҳои Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ боиси густариши ҳамкориҳои бештару судманд бо дигар ширкатҳои ҷаҳонӣ шавад, аз суи дигар онҳо метавонанд маҳсулоти худро ба бозори ҷаҳонӣ ворид кунанд.

То кунун як мушкиле, ки пешоруи ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон вуҷуд доштааст, ин аз тариқи миёнрав пешниҳод кардани тавлидоти ин ширкатҳо буда, ки фоидае ночиз ва ё тамоман манфиате намегирифтаанд.

Аммо акнун бовар меравад, ки ширкат дар ин гуна намоишгоҳҳо, имкон медиҳад, то шарикону ҳамкороне пайдо шаванд, ки муомила ва тиҷорати байниҳамдигарӣ ба таври мустақим сурат бигирад.

Дар намоишгоҳи Истамбул, тавлидоти ҳудуди 200 ширкати ҷаҳонӣ ба маърази тамошо гузошта мешавад ва беш аз 40 ҳазор мутахассисони соҳа аз 70 кишвари ҷаҳон аз ин намоишгоҳ дидан мекунад.

Зимнан, ба иттилои намояндагии Маркази Байналмилалии Тиҷорат, ширкатҳои Тоҷикистон барои бори сеюм аст, ки дар чунин намоишгоҳ иштирок мекунанд ва имсол ин амр бо ҳимояи молии ҳукумати Шветсария дар чорчуби ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон сурат гирифтааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97