Тақвими хуршедӣ дақиқтарин гоҳшумор дар ҷаҳон

Хабари хуб 26.03.2014 15:52

Taqvimi khurshediМунаҷҷимон ва коршиносони нуҷум муътақиданд, ки гоҳшумории хуршедӣ дақиқтарин гоҳшумори роиҷ дар ҷаҳон аст, ки шурӯи соли нави он дар лаҳзаи дақиқи шурӯи эътидоли баҳорӣ рух медиҳад.

Пайдоиши ин тақвим ба қарни панҷуми хуршедӣрост меояд, ки гурӯҳе аз риёзидонон ба сарпарастии Умари Хайёми Нишопурӣ бо дастури Маликшоҳи Салҷуқӣ дар шаҳри Исфаҳон масъулияти таҳияи онро бар ӯҳда гирифтаанд. Дар соли 471 ҳиҷрӣ - қамарӣ таҳияи ин гоҳшуморӣ ба поён расидааст.

Бояд гуфт, ки солшумории мелодӣ дар ду ҳазору панҷсад сол 1 рӯз хато дорад, аммо тақвими Ҷалолӣ дар ҳар 10 ҳазор сол танҳо як сония дучори иштибоҳ мешавад. Тарроҳони ин тақвим аввалин моҳи онро фарвардинмоҳи соли шамсии ҳиҷрати паёмбари ислом (с) аз Маккаи мукаррама ба Мадинаи мунаввара қарор додаанд. Ин таърихдақиқан мутобиқ ба 119 рӯз қабл аз аввали муҳаррами соли аввали ҳиҷ-рии қамарӣ ва баробар ба рӯзи ҷумъаи 19 марти соли 622-и мелодӣ эълом шудааст.  

Лаҳзаи таҳвили соли шамсӣ ҳамзамон бо убури маркази хуршед аз нуқтаи эътидоли баҳорӣ аст, ки дар ин замон офтоб аз нимкураи ҷанубӣ вориди нимкураи шимолии осмон мешавад. Замони байни ду убури паёпайи маркази офтоб аз нуқтаи эътидоли баҳорӣ баробар ба 365 рӯз, 5 соат ва 48 дақиқаву 97.45 сония ҳисоб шуда аст. Ин лаҳза, ки аввали бурҷи ҳамал (фарвардин) номида мешавад, Наврӯз номгузорӣ шудааст, ки мутобиқ ба рӯзи аввали баҳор аст. Тақвими шамсӣ аз 12 бурҷ (моҳ) иборат аст, ки ба тартиби ҳамном сурати фалаки қадимии минтақаи Албуруҷ мебошад. Теъдоди шабонарӯзи ҳар бурҷ баробар бо муддати ҳаракати маркази хуршед дар ҳамон бурҷ аст.

Дар даврони муосир Абдулғаффорхон Наҷмуд Давла ибораи 1264-и шамсиро баробар ба 1303-4-и ҳиҷрӣ-қамарӣ зикр кард ва аз он замон ба баъд ин тақвимро дар Ирон роиҷ кард, ки асоси он ҳаракати замин ба даври офтоб аст.

Дар соли 1304-и шамсӣ қонуни табдили бурҷҳои арабӣ ба моҳҳои форсӣ ба тасвиб расид ва тақвими ҳиҷрии шамсӣ ба унвони тақвими расмии Ирон пазируфта шуд.

Тақвими ҳиҷрии шамсӣ аз лиҳози нуҷумӣ ва табиӣ дақиқтарин тақвим аз миёни 40 тақвими роиҷ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Зеро муддати соли шамсӣ, наврӯз ва кабисаҳои тақвими ҳиҷрии шамсӣ дақиқан бар асоси нуҷум таъин мешавад.

Тақвими ҳиҷрии шамсӣ танҳо тақвими роиҷ дар ҷаҳон аст, ки илова бар кабисаҳои чорсола, кабисаҳои панҷсола дорад. Вуҷуди кабисаҳои панҷсола боиси мутобиқ шудани доимӣ ва дақиқтари тақвими ҳиҷрии шамсӣ бо фаслҳои табиӣ мешавад.   

Ҳамчунин соли нав дар тақвими ҳиҷрии шамсӣ бо солгарди таваллуди баҳор ва оғози шукуфоии дубораи табиат оғоз мешавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97