Бунёдгузори Фейсбук аз ҷосусии давлатӣ хаста шудааст

Хабари хуб 24.03.2014 12:20

fasebuk 10Марк Зукерберг, бунёнгузори Фейсбук, хитоб ба Барак Обама, раиси ҷумҳурии Амрико, гуфта аз он чи "ҷосусии давлатӣ аз шаҳрвандон" хонда шуда "хаставу дармонда" шудааст.

Зукерберг рӯзи 13 март дар Фейсбук навишта: "Давлат (Амрико) бояд талоядори интернет бошад, на таҳдиде барои он."

Изҳори назари бунёдгузори бузургтарин шабакаи иҷтимоъии ҷаҳон як рӯз пас аз он мунташир мешавад, ки гузорише тоза нишон дода Созмони Амнияти Миллии Амрико (Эн-эс-эй) аз фейсбукнамоҳо дар сохти бадафзорҳои интернетӣ суд бурдааст.

Ӯ дар ёддошти ахири худ оварда: "Вақте муҳандисони мо сахт талош мекунанд, то амният (Фейсбук)-ро боло бибаранд, тасаввури мо ин аст, ки дорем аз корбарон дар баробари табаҳкорон ҳифозат мекунем, на давлат.

"Онҳо (давлати Амрико) бояд шаффофтар амал кунанд, вагарна мардум бадтарин ҳадсу гумонҳоро дар ин бора мутасаввир хоҳад шуд."

Иттилоъоти марбут ба барномаҳои густардаи Созмони Амнияти Миллии Амрико барои ҷосусӣ аз шаҳрвандони Амрико ва ҷаҳон, нахустин бор ифшогариҳои Эдуард Сноувден, корманди собиқи ниҳодҳои иттилоъотии Амрико бармало шуд.

Дар миёни ҳазорон мадрак ва санади ифшошуда тавассути Сноувден, омада буд Эн-эс-эй ба тариқе ба ҳисобҳои корбарони 9 шабакаи бузурги иҷтимоъӣ ва иртиботӣ дар интернет дастрасӣ дорад.

Ширкатҳое, ки дар ин санадҳо номи онҳо зикр шуда буд, иборатанд аз: Гугл, Фейсбук, Скайп, Эй-у-эл, Апл, Ютюб ва Майкрософт.

Пас аз интишори ин мадорик, Фейсбук, Ёҳу, Линкелдин, Гугл, Апл, Майкрософт, Твитер ба иттифоқ гурӯҳе ташкил доданд, ки маъмурияти он "ислоҳот дар назорати давлатӣ" таъриф шудааст.

Ин гурӯҳ хостори тағйироти густарда ва сохторӣ дар барномаҳои назоратӣ ва иттилоъотии давлати Амрико шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97