«МегаФон» ба некбахтони нахустин чиптаҳоро ба Россия тақдим кард

Хабари хуб 19.03.2014 09:08

SAM 0562Ширкат натиҷаҳои якҳафтаинаи иқдоми «Чиптаи бурднок»-ро, ки он имкони дар асоси ройгон ба даст овардани чиптаҳои ҳавопаймоиро ба ФР фароҳам меорад, ҷамъбаст намуд.

Сокинони зерини вилоятҳои Суғд ва Хатлон дорандагони комёби чиптаҳо гардиданд: Амон Раззоқов аз Хуҷанд, Интизорхон Ӯктамова аз шаҳри Ҷ. Расулов, Салимҷон Кличев ва Раҳматулло Шодиев аз Ёвон.

«Дар Россия бародарам умр ба сар мебарад, ва ман хеле зиёд тариқи телефон бо ӯ сӯҳбат мекардам вале хеҷ ба наздаш омада наметавонистам. Акнун вақте ман тӯҳфаро аз «МегаФон» дар даст дорам, ҳатман ба наздаш меоям», - мегӯяд Раҳматулло Шодиев.

Амон Раззоқов мегӯяд, ки ба шаҳри Маскав ба назди хонуми дӯстдоштаи худ парвоз мекунад. «Мо тариқи интернет шинос шудем ва ман хеле зиёд ба ӯ занг мезадам. Ӯ дер боз маро ба меҳмонӣ даъват мекард, вале ман имкон надоштам, ки сафар намоям. Билохира бахтам бихандид ва ба шарофати иқдоми «МегаФон» манн читаро бурд кардам. Санаи 19 март ба назди ӯ парвоз мекунам ва ин сафари ман барои ӯ ногаҳонӣ хоҳад буд. Наврӯзро якҷоя пешвоз мегирем».

Ёдовар мешавем, ки иқдоми «Чиптаи бурднок» аз ширкати «МегаФон» то санаи 6 апрел давом меёбад. Ҳарҳафтаина 20 муштарие, ки бо муштариёни шабакаи «МегаФон» аз ҳама бештар сӯҳбат менамоянд, чиптаҳои ҳавопаймоиро ба даст меоранд. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97