«МегаФон» SMS-ирсолҳои ғайриқонуниро пешгирӣ намуд

Хабари хуб 17.03.2014 15:53

SMS - MegaFonМутахассисони ширкат рақамҳои телефониеро, ки аз онҳо ба муштариён паёмакҳо аз қаллобони мобилӣ ворид мегардиданд, бубастанд.

Вақтҳои охир бисёр муштариёни операторони мобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон sms-ҳоро аз рақамҳои байнишаҳрӣ ба даст меоварданд. Дар матни SMS-ҳо аз истифодабарандагон хоҳиш карда мешуд, ки ба рақами ишорашуда даъватро анҷом диҳанд ё тариқи SMS оид ба бурди калон хабар дода мешуд. Дар сурати анҷом додани даъват, аз суратҳисоби мобилии муштарӣ маблағ ситонида мешуд.

«Чунин ирсолҳо ғайриқонунӣ ба ҳисоб мераванд. Барои нигоҳ доштани муштариён аз хавфи sms-спам ва амалҳои қаллобон мо доимо фаъолнокии онҳоро мавриди назорат қарор дода, ҳангоми зарурат паёмакҳоеро, ки аз рақамҳои бадхоҳон ворид мегарданд, бекор мекунем», - изҳор дошт муовини аввали директори иҷроияи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Денис Никитин.

Барои наафтидан ба доми чунин қаллобон ба муштариён зарур меояд, ки як қатор қоидаҳои начандон душворро риоя намоянд. Қабл аз ҳама ба SMS-ҳое, ки аз рақамҳои бегона ворид мешаванд, набояд ҷавоб дод. Дилхоҳ маълумотро оид ба бурд, ки қаллобон онро хеле зиёд дар паёмакҳои худ истифода мебаранд, метавон бо роҳи осон тавассути муроҷиат ба ташкилкунандаи озмун бо телефон ё тариқи сомона бисанҷид.

Боз як воситаи қаллобии мобилӣ – ирсоли паёмакҳо бо хоҳиши гузаронидани маблағ ба суратҳисоб ба ҳисоб меравад. Ё тариқи паёмакҳо хоҳиш карда мешавад, ки бинобар ба нохушӣ гирифтор шудани наздикон ё шиносон ба рақами ишорашуда даъват анҷом дода шавад. Дар ин ҳолат мебояд ба назидкон даъват анҷом дода, вазъияти воқеӣ аз онҳо муайян карда шавад.

Муштариёни «МегаФон», ки аз бадхоҳон SMS-ро ба даст меоранд, метавонанд дар ин бора ба маркази тамоси ширкат тариқи телефони 907700500 ё дилхоҳ идораи фурӯш ва хизматрасонӣ хабар диҳанд. Инчунин барои қулай гардонидани кори истифодабарандагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳои расмии «МегаФон» таъсис дода шудаанд, ки дар доираи онҳо метавон шикоятҳои худро дар робита бо спамҳо боқӣ гузошт. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97