Ура-а-а! Роҳҳои Тоҷикистон бехатар будааст

Хабари хуб 15.03.2014 15:46

Road Як пажуҳишгоҳи амрикоӣ Тоҷикистонро кишваре бо амнтарин роҳҳои мошингард арзёбӣ кардааст.

Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии Мичигани Амрико бар асоси омори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба ин натиҷа расидааст, ки Тоҷикистон дар рейтинги кишварҳои роҳашон бехатар баъди Малдива дар ҷойи дуюм қарор дорад.

Бино ба ин пажуҳиш ба ҳар 100 ҳазор сокини Малдив (кишваре дар Осиёи Ҷанубӣ) ду фарди ҳалокшуда бар асари садамаи мошин рост меояд. Тоҷикистон бошад ба ҳар сад ҳазор се куштаи садамаҳои автомобилӣ дорад.

Малта низ бо ҳамин ҳисоб дар ҷойи дуюм ва дар Фиджи (ҷумҳурие дар қисмати ҷанубии уқёнуси Ором) ба ҳар 100 ҳазор нафар чор тани ҳалокшуда ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин рейтинг кишварҳое аз Африқо ва Ховари Миёна, ҳамчунин Осиё ва Амрикои ҷанубӣ чун мамлакатҳои роҳҳояшон барои ҳаракати мошинҳо пурхатар арзёбӣ шудаанд.

Намибия кишваре муаррифӣ шудааст, ки дорои пурхавфтарин ва бадтарин роҳҳост. Гуфта мешавад, ки дар ин мамлакат ба 100 ҳазор аҳолӣ 45 ҳалокшуда бар асари садамаҳои автомобилӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар Таиланд ба ҳар сад нафар 44 ва дар Ирон 38 нафар ҳалок шудаанд.

Нишондиҳандаи миёнаи роҳи камхатар ба 100 ҳазор нафар 18 ҳалокшуда муайян шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97