Мо аз имконоти сайёҳӣ кам истифода мекунем. Чаро?

Хабари хуб 13.03.2014 15:19

tury-v-tadjikistan-1Тоҷикистон дар ҷалби сайёҳӣ дар миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна ва Қафқоз дар поёнтарин сатҳ қарор дорад.

Арзёбии коршиносони гардишгарӣ ва созмонҳои байналмиллалии туризм нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар бахши ҷаҳонгардӣ аз зарфиятҳои бузурге бархӯрдор аст ва дар сурати эҷоди зерсохтҳои гардишгарӣ, дорои имконоти бисёр зиёде барои тавсиаи туризм ва ҷазби ҳазорон нафар аз гардишгарони саросари ҷаҳон аст.

Ба гузориши ИРНА, Созмони ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардии Тоҷикистон дар гузорише эълом кард, ки дар соли 2012 ин кишвар мизбони беш аз 100 ҳазор гардишгари хориҷӣ буд ва дар шаш моҳи нахусти соли 2013 низ ҳудуди 50 ҳазор ҷаҳонгардро ҷазб кардааст.

Ин мизони омори гардишгарон дар Тоҷикистон дар ҳоле аст, ки рақами ҷаҳонгардон дар кишвари ҳамсоя, Қирғизистон, ки дар муқоиса бо Тоҷикистон шароити мушобеҳи табиӣ дорад, дар соли 2012 беш аз як миллион нафар эълом шуд.

Масъули баргузории намоишгоҳҳои иқтисодӣ ва тиҷории Ирон дар Тоҷикистон мегӯяд: Ин кишвар дар заминаи саёҳат ва туризм зарфиятҳои болое дорад, аммо то кунун масъулони ин кишвар ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳи камтаре нишон додаанд.

Муҳаммади Умронӣ дар гуфтугӯ бо ИРНА, бо ишора ба баргузории шонздаҳумин намоишгоҳи ҷумҳурии исломии Ирон дар шаҳри Душанбе дар заминаи ҳадоё ва туризм афзуд: Агар масъулони Тоҷикистон ба мавзӯи туризм дар кишвари худ таваҷҷуҳ кунанд, ин кишвар дар ин замина ба даромади қобили таваҷҷуҳе даст хоҳад ёфт.

Вай гуфт: Тоҷикистон зимни бархӯрдорӣ аз ҷозибаҳои табиии бисёр фаровон, дорои маҳсулот ва имконоту шароити вижае аст, ки барои ҳар гардишгаре арзиши дидан дорад.

Як ширкати телевизионии байналмиллалӣ бо қарор додани Тоҷикистон дар феҳристи кишварҳои ҷолиб барои гардишгарӣ дар соли 2014, ҷозибаҳои гардишгарии ин кишварро низ мавриди баррасӣ қарор додааст.

Наталия Платонова  муовини раиси Донишгоҳи давлатии гардишгарии Русия, ки ахиран аз Тоҷикистон дидан кардааст, аз меҳмоннавозӣ ва чашмандози зебои ин кишвар таъриф ва тамҷид кард, зимни он кӣ аз костиҳои бахши гардишгарӣ дар ин кишвари низ сухан гуфт.

Ҷаҳонгардони хориҷӣ ҳамвора аз тарзи хидматрасонӣ дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ва ҷавобгӯи меъёрҳои байналмиллалӣ набудани ин фурӯдгоҳ шикоят кардаанд.

Дастрасӣ надоштан ба интернет ва имкони пардохт аз тариқи кортҳои эътиборӣ, камбуди меҳмонхонаҳои замонавӣ дар манотиқи рӯстоӣ аз ҷумлаи монеаҳои ҷалби ҷаҳонгардони хориҷӣ ба Тоҷикистон унвон шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97