Назарсанҷӣ

Дар кадом мактаб мехоҳед фарзандатон таҳсил кунад?

Додситонӣ парвандаи қатли Захарченкоро таҳқиқ мекунад

Хабари муҳим 16.04.2009 14:45

Додситонии кулл ба таҳқиқи парвандаи қатли Олег Захарченко, фармондеҳи ОМОН-и Вазорати корҳои дохила дар соли гузашта оғоз кардааст. Абдусамеъ Додобоев, муовини аввали додситони кулли кишвар рӯзи 13 апрел, дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки дар зудтарин фурсат афроди гумонбар дар ин ҷурм боздошт хоҳанд шуд.

Олег Захарченко 2 феврали соли гузашта, дар як даргирӣ дар назди бинои бахши мубориза алайҳи ҷиноятҳои созмонёфта дар навоҳии минтақаи Рашт кушта шуд. Он замон Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони собиқи мухолифон ва раиси вақти бахши мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта дар минтақаи Раштро дар қатли Олег Захарченко гумонбар медонистанд. Вале раиси ҷумҳур дар як мулоқоташ бо Мирзохӯҷа Аҳмадов ва ёронаш дар минтақаи Рашт дар моҳи октябри соли гузашта онҳоро ба таври даҳонӣ афвшуда эълом кард.

Дар пайи ин тасмим бахши мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД дар минтақаи Рашт бекор шуд ва кормандони он аслиҳаи худро ба мақомот супурданд.

Ба гуфтаи муовини аввали додситони кулл, раиси ҷумҳурӣ он ҷиноятҳоеро афв кардааст, ки дар гузашта содир шуда буданд ва ба замони қатли Олег Захарченко рабт надоранд.

Вале Мирзохӯҷа Аҳмадов дар сӯҳбат бо БиБИСИ таъкид кардааст, ки бар асоси тавофуқот бо президент дар моҳи октябри соли гузашта, ҳодисаи қатли Олег Захарченко низ мавриди афв қарор гирифтааст.

Мирзохӯҷа Аҳмадов ҳамчунин иддао дорад, ки дар қатли Олег Захарченко даст надорад, ҳарчанд рӯзи 2 феврали соли гузашта сохтмони бахши мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта дар минтақаи Раштро аз ҳамлаи мусаллаҳона ҳифз кардааст.

Дар ҳамин ҳол муовини додситони кулл низ аз эъломи афроди гумонбар дар қатли Олег Захарченко худдорӣ карда гуфт, ки ҳоло таҳқиқи ин парванда идома дорад ва ба ин далел исми ин афродро фош нахоҳанд кард.

©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97