Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

"Барқи тоҷик" барқи "Сангтӯда-1"-ро ба кӣ фурӯхт?

Хабари муҳим 26.03.2009 16:17

Ширкати "Барқи тоҷик" барои истифода аз нируи барқи ниругоҳи Сангтӯда-1, беш аз 10 млн долар қарздор шудааст. Бино ба иттилои сомонаи БиБиСи, манобеъи ширкати саҳҳомии "Ниругоҳи Сангтӯда-1" хабар додааст, ки аз замони оғози кори нахустин турбини ин ниругоҳ Тоҷикистон маблағи 41 млн сомонӣ баробар ба беш аз 10 млн доллар аз ин ширкат қарздор шудааст.

Ниругоҳи Сангтӯда-1 аз сӯйи ширкати русии "Интер РАО" бунёд мешавад. Бунёди ин ниругоҳ бо тавони тавлиди 670 меговот нируи барқ дар сол дар охирҳои даҳаи 1980 оғоз шуда ва ҳудуди 20 дарсади корҳои сохтмонӣ дар он замон анҷом шуда буд.

Борис Зверев, намояндаи ширкати "Интер РАО", ки вориси "РАО ЕЭС" маҳсуб мешавад, ба бархе хабаргузориҳо гуфтааст, ки масъулони ин ширкат санадҳои зарурӣ барои ба додгоҳ кашидани ширкати "Барқи тоҷик"-ро таҳия мекунанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, тибқи созишномаи миёни давлати Тоҷикистон ва Русия, ширкати давлатии "Барқи тоҷик" барои харидорӣ ва пардохти қиммати нируи барқе, ки дар ниругоҳи Сангтӯда-1 тавлид мешавад, масъул аст. Ба эътиқоди ин масъули "Интер РАО", қарзҳои ҷониби Тоҷикистон боис шудааст, ки ниругоҳи Сангтӯда-1 маоши кормандонашро пардохт накунад ва замони ифтитоҳи турбини охирини он ҳам ба таъхир биафтад.

Интизор мерафт, турбини чаҳоруми ниругоҳи Сангтӯда-1 дар аввали соли ҷорӣ мавриди истифода қарор бигирад. Вале ҳоло ҷонибҳо тавофуқ кардаанд, ки расми ифтитоҳи он дар охири моҳи апрел бо ширкати раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Русия баргузор шавад.

Аз сӯйи дигар, ҳоло ширкати "Барқи тоҷик" ҳар киловат соат нируи барқро аз ин ниругоҳ бо қиммати ду сенти амрикоӣ харидорӣ мекунад. Вале баъд аз баҳрабардории комили он қиммати ҳар киловат соат нируи барқ то чаҳор сент боло хоҳад рафт.

Дар мавриди қарзҳои ширкати "Барқи тоҷик", Рашид Гулов, муовини сармуҳандиси ин ширкат гуфтааст, ки мушкили пардохти қарзҳои ин ширкат ба "Интер РАО" ба зудӣ ҳалли худро хоҳад ёфт. Ба гуфтаи вай, ҳоло дар ин замина музокирот идома дорад ва "ин мушкил рафъ хоҳад шуд".

Зимнан, 25 дарсади тавлидоти ниругоҳи Сангтӯда-1-ро ҷониби Тоҷикистон ба таври ройгон дар ихтиёр дорад. Гузашта аз ин, гузоришҳои ширкати "Барқи тоҷик" аз он дарак медиҳад, ки ҳудуди 90 дарсади қиммати истифода аз нируи барқ дар Тоҷикистон аз мардум ва корхонаҳо ҷамъоварӣ мешавад.

Пас, ин суол матраҳ аст, ки чаро ин ширкат наметавонад маблағи нируи барқеро, ки аз ниругоҳи Сангтӯда-1 гирифтааст, пардохт кунад?

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97