Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Корманди ҳукумати Ишкошим ғайб задааст

Хабари муҳим 14.07.2008 21:12

Хабаргузории «Помир Медиа» хабар медиҳад, ки сардори шӯъбаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ишкошим бедарак шудааст.
Сардори маркази иттилоотии Раёсати корҳои дохилаи Бадахшон Мизроб Доробов изҳор дошт, ки Назаралӣ Ғуломови 45 сола, ки ба ҳайси сардори шӯъбаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ фаъолият доштааст, дар Хоруғ бе ному нишон шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ Н.Ғуломасейнов, рӯзи 22 июн аз Душанбе тавассути автомашинаи мусофирбар озими Хоруғ шуда, аз ин ба баъд дигар касе ӯро надидааст.
Хабар мерасад, ки ҷустуҷӯи гумшуда идома дошта, аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.


©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97