Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

"Газпром" барои мо кони газ меҷӯяд

Хабари муҳим 26.02.2009 13:57

Як ширкати вобаста ба "Газпром"-и Русия, "Газпром Зарубежнефтегаз", корҳои кашфиёти барои мушаххас кардани маъдани газ дар Тоҷикистонро дар нимаи соли ҷорӣ оғоз мекунад. Ин тасмим дар ҳамоиши коршиносони ин ду ширкат ва мақомоти тоҷик дар шаҳри Оренбурги Русия гирифта шудааст.

"Газпром Зарубежнефтегаз" аҳд кардааст, ки корҳои кашфиётиро ҳамзамон дар минтақаҳои Сариқамиш, Ренгон ва Саргазон - манотиқе, ки заминшиносон аз эҳтимоли вуҷуди маъдани газ дар онҳо хабар додаанд, оғоз кунад. Ба ин хотир, ин ширкат ба Тоҷикистон таҷҳизот ва фанновариҳои замонавӣ (мудерн) ворид мекунад ва теъдоде аз коршиносони умдаи ширкати "Газпром" низ барои мутолеъоти заминшиносӣ ба ин кишвар хоҳанд омад.

Сухангӯйи дафтари намояндагии ширкати "Газпром Зарубежнефтегаз" дар Тоҷикистон, Екатерина Кожевникова гуфтааст, дар соли 2008 коршиносон барои мушаххас кардани манобеъи газ дар минтақаи Саргазон корҳои кашфиётӣ анҷом додаанд. Вале зимни корҳои кашфиётӣ дар минтақаи Саргазон аз воситае истифода шудааст, ки барои шароити Тоҷикистон чандон мувофиқ набуда ва ба ин далел захираҳои газ дар ин минтақа то ҳол мушаххас нашудааст.

Гуфта мешавад, захираи газ дар Тоҷикистон маъмулан дар чуқурии аз панҷ то ҳафт километр ва аз ин ҳам зиёд воқеъ аст ва барои кашфи он бояд аз таҷҳизот ва фанновариҳои иктишофии мудерн истифода шавад. Ҳамакнун тасмим шудааст, ки дар минтақаи Саргазон ва ҳамчунин дар манотиқи Ренгон ва Сариқамиш аз воситаи иктишофие истифода шавад, ки вуҷуди маъданҳои газро ба таври саҳеҳтаре ошкор месозанд.

Ширкати "Газпром Зарубежнефтегаз" ва ҷониби Тоҷикистон дар нишасти Оренбург мувофиқа кардаанд, ки дар моҳи декабри соли ҷорӣ ба кори нахустин чоҳи маъдани газ дар ин кишвар оғоз кунанд. Ба ин манзур, ин ширкати русӣ дар садад аст дар соли ҷорӣ барои анҷоми умури кашфиётӣ беш аз 13 милюн долар масраф кунад.

Манобеъи ин ширкат гуфтанд, ки тибқи тавофуқоти миёни ширкати "Газпром" ва ҳукумати Тоҷикистон, ки соли гузашта имзо шуд, "Газпром Зарубежнефтегаз" барои анҷоми корҳои иктишофӣ ва ҳаффорӣ дар чаҳор минтақаи Тоҷикистон, бо шумули Шоҳамбарии Ғарбӣ, панҷ сол мӯҳлат дорад.

Ба бовари масъулони "Газпром Зарубежнефтегаз", онҳо дар соли 2011 истихроҷи гази табиӣ дар Тоҷикитстонро оғоз хоҳанд кард. Манобеъи расмӣ захойири газ дар ин чаҳор минтақаро ҳудуди 70-80 миллиард метри мукаъаб арзёбӣ мекунанд.

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97