Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

"Фирдавсӣ" дастхати нодир харид

Хабари муҳим 26.02.2009 13:54

Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, аз як сокини шаҳри Душанбе дастхатти "Фиқҳ-ул-Акбар" ва шарҳи мухтасари он, аз таълифоти нодиреро, ки ба Имом Абӯҳанифа нисбат дода мешавад, харидорӣ кардааст.

Тибқи иттилоъи масъулони Китобхонаи Фирдавсӣ, кумиссияи вижаи ин китобхона асари "Фиқҳ-ул-Акбар"- ро ҳамроҳ бо шарҳи мухтасари он аз Уматқул Ҳомидов, як сокини шаҳри Душанбе, бо қимати 1690 сомонӣ харидорӣ кардааст. Абдуллоҷон Юнусов, мудири шӯъбаи дастхаттҳо ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон гуфтааст, ки бо вуҷуди хароб шудани муқова ва теъдоде аз саҳифаҳои китоб, он ҳамчунон аз арзише бархӯрдор аст. Навъи хат ва қоғази ин дастхат нишон медиҳад, ки ин асар ба қарни 17 милодӣ таъаллуқ дорад. Ин дастхат хеле пурарзиш буда бори нахуст аст, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон соҳиби чунин дастхате аз Имоми Аъзам шудааст. Китобхонаи Фирдавӣ ба даст овардани "Фиқҳ-ул-Акбар" ва шарҳи мухтасари онро дар соли бузургдошти Имоми Аъзам дастоварде беҳамто медонад.

Гарчанде дар чанд соли ахир ба ин китобхона китобҳое аз таълифоти Имом Абӯҳанифа ворид шудааст, аммо то кунун дастхатте аз таълифоти Имоми Аъзам дар ин муасиса вуҷуд надоштааст.

"Фиқҳ-ул-Акбар" аз китобҳои пурарзиш ва машҳуре ҳаст, ки ба Нуъмон ибни Собит Абӯҳанифа нисбат дода мешавад, ки фарогирандаи ақидаҳои назарӣ ва амалии ин фақеҳи бузурги қарни ҳаштуми милодӣ аст.

Ин асар умдатан дар бораи собит будани ваҳдонияти Худованд, абадӣ ва азалӣ будани зот ва сифоти Парвардигор, фанои олам, ҳақиқати ашё, Қуръон, вуҷуди малоик, биҳишту дӯзах, мизону пули сирот ва амсоли инҳо бар тибқи фиқҳи ҳанафӣ ҳикоят мекунад.

Масъулони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ин асарро барои шинохти ҷаҳонбинӣ ва эътиқодоти Абӯҳанифа ва назароти ӯ дар заминаи илми фиқҳ (қонуншиносӣ) муҳим хонда ва мегӯянд пажӯҳишгарон метавонанд аз ин китоб истифода кунанд.

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97