Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Зиндонии фирорӣ дар Хуҷанд дастгир шуд

Хабари муҳим 08.07.2008 17:29

Додситонии Суғд хабар додааст, Бахтиёр Баротов, як зиндонии фирорӣ, ки аз маҳбаси Хуҷанд гурехта буд, дар як манзил дар маркази вилоят дирӯз аз сӯи мақомоти интизомӣ дастгир шудааст. Ин зиндонии фирорӣ як ҳафта боз таҳти пайгарди милиса қарор дошт.

Хайрулло Саидов, додситони Суғд гуфтааст, нисбат ба ҳодисаи фирори зиндониён аз маҳбас парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин парвандаро як гурӯҳи фаврии кормандони додситонӣ тафтиш мекунанд. Гуфта мешавад, гурӯҳи тафтишотӣ ба таҳқиқи ин амалиёт, ки дар маҳбаси низомаш шадиди Хуҷанд рух додааст ва яке дигар аз маҳбусин ба ҳангоми фирор кушта гардид, шурӯъ кардаанд, ба хусус ин омил, ки оё барои фирор кардани ин зиндониён касе аз кормандони маҳбас даст дорад ё не, мавриди санҷиши амиқ қарор гирифтааст.
Зимнан, шаби 1 июл ду зиндонии маҳбаси шаҳри Хуҷанд, Баширов Расим, шаҳрванди Русия ва Бахтиёр Баротов, сокини шаҳри Хуҷанд қасди гурехтан аз зиндонро карданд, ки дар натиҷа аввалӣ аз тири зиндонбон кушта шуд.
Шаҳрванди зиндонии Русия , соли 2006 аз ҷониби додгоҳи Суғд ҳамроҳ бо як гурӯҳи шаш нафарӣ бо ҷурми фаъолият дар Ҳаракати Исломии Узбакистон 19 сол ба зиндон ҳукм шуда буд. Бахтиёр Баротов, сокини шаҳри Хуҷанд низ ба 20 соли зиндон маҳкум шуда буд, ки ҷурмаш одамкушӣ унвон шудааст.


©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97