Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

"Данғара" ва "Ишкошим" минтақаи озоди иқтисодӣ

Хабари муҳим 05.02.2009 14:38

Давлат ду минтақаи ҷадиди озоди иқтисодиро дар қаламрави кишвар таъсис додааст. Минтақаҳои ҷадиди озоди иқтисодӣ мавсум ба "Ишкошим" ва "Данғара" дар қаламрави вилоятҳои Бадахшон ва Хатлон созмон хоҳанд ёфт.

Тоҷикистон дар соли гузаштаи милодӣ нахустин минтақаҳои озоди иқтисодиро дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон таъсис дода буд. Ғуломҷон Бобозода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, 2 феврал дар нишасте бо масъулони ин ниҳоди давлатӣ аз таъсиси ду минтақаи ҷадиди озоди иқтисодӣ дар Ишкошим ва Данғара хабар дода ва гуфтааст, ки ташкили ин минтақаҳо дар ҷаласаи ҳайъати давлат мавриди таъйид қарор гирифтааст. Ба гуфтаи масъулони ин вазорат, бо вуҷуди он ки қонун дар бораи ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳанӯз соли 2005 аз сӯйи порлумон тасвиб шуда буд, аммо то кунун иҷрои ин тарҳҳо ба кундӣ ҷараён доштааст.

Идеяи таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар кишвар дар авоили даҳаи 1990 ба миён омад, аммо ба иллати ҷанги дохилӣ ва бӯҳрони шадиди иқтисодӣ дар кишвар иҷрои ин иқдом ба таъвиқ афтод. Ба гуфтаи масъулони вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, ба манзури таъсиси минтақаи ҷадиди озоди иқтисодӣ дар навоҳии Ишкошим ва Данғара қитъаоти замин ихтисос ёфта ва ҳамакнун дар ҳамкорӣ бо ҷониби Чин ва дигар кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии молӣ иқдомоте рӯйи даст гирифта шудааст.

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97