Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

"Талко" тавлидоташро барои бӯҳрони барқ коҳиш дод

Хабари муҳим 03.02.2009 23:09

Дафтари матбуотии “Талко” рӯзи 3 феврал эълом кард, ки корхонаи алюминии тоҷик тавлидоти худро ахиран ба таври қобили мулоҳизае коҳиш додааст.

Бино ба иттилои ин манбаъ дар пайи бӯҳрони энержӣ дар Тоҷикистон раҳбарияти “Талко” тасмим гирифтааст то масрафи барқ дар ин корхонаро аз 21 миллион дар шабонарӯз то ба 15 миллион киловат соъат коҳиш бидиҳад, ки ин рақам беш аз 30 дарсадро нишон медиҳад. Гуфта мешавад, ки интизор меравад то чанд рӯзи дигар мизони масрафи барқ дар ин корхона боз як миллион киловат соъат коҳиш биёбад.

Сайёҳат Қодирова, мудири дафтари матбуотии “Талко” ба “Миллат” гуфт, ки фаъолияти Ин манбаъ афзуд, ҳамчунин раҳбарияти ширкат тасмим гирифтааст, ба ҷойи ихтисори теъдоди коргарон, ки беш аз даҳ ҳазор нафар мебошанд соати кориро як соат коҳиш диҳад.

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки роҳбарияти “Талко” ният дорад, барои масрафи нируи барқ дар ин ширкат аз тадобири дигар низ кор бигирад.

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97