Назарсанҷӣ

Дар кадом мактаб мехоҳед фарзандатон таҳсил кунад?

Ду скинхеди тоҷикситез маҳкум ба зиндон шудаанд

Хабари муҳим 22.01.2009 14:11

Додгоҳе дар Маскав ду узви як гурӯҳи миллигароро маҳкум ба зиндон кардааст. Хабаргузории РИА Новостии Русия, ки дар бораи ин ҳукми додгоҳ гузориш дода мегуяд, ин ду нафар дар барангехтани ихтилофоти қавмӣ муттаҳам шинохта шудаанд. Гуфта мешавад ду узви гуруҳи миллигарои мавсум ба "Формат 18" дар таҳияи навори видиюеи, ки саҳнаи "ҳалқовез кардани" як табаъаи Тоҷикистонро ба намоиш гузошта, нақш иҷро кардаанд.

Максим Марсинкевич, мулаққаб ба Тесак, ки раҳбари ин гуруҳи миллигаро дониста мешавад, ба муддати севу ним сол маҳкум ба зиндон шудааст. Раҳбари созмони "Формат 18" қаблан низ барои сар додани шиъорҳои нажодпарастона дар як баҳси сиёсӣ ба се соли зиндон маҳкум шуда буд. Ҳукми севуним соли зиндон барои оқои Марсинкевич замони маҳкумияти қаблиро низ дар бар мегирад. Додгоҳ гуфтааст, бо назардошти ин ки оқои Зуев муроқибати ду кудаки хурдсоли худро бар уҳда дорад, ҳукм нисбати уро нарм кардааст. Тибқи гузориши РИА Новости додгоҳ гуфтааст, гуруҳе муташаккил аз 20 нафар дар таҳияи ин навори видюи, ки "қатли" як шаҳрванди Тоҷикистонро тасвир мекунад, ба шумули ду нафар маҳкумшуда ширкат кардааст. Шаҳрванди Тоҷикистон дар ин навор қочоқчии маводи мухаддир муаррифӣ шудааст.

Додгоҳ мегуяд, ҳуввияти афроди дигари ин гуруҳ ҳануз мушаххас нашудааст. Догоҳ судури ҳукми худро бар мабнои шавоҳиди мавҷуд ва шаҳодати рузноманигор ва филмбардори ин навор хондааст. Ҷониби таҳқиқи ин навори видеоӣ гуфтааст намоиши "қатл" дар он ҳамроҳ бо даъватҳои нажодпарастона будааст.

Дар навор дида мешавад, ки ду фарди ниқобпуш қабл аз ин ки саҳнаи "қатл"-ро иҷро кунанд, суннатҳои нозиҳоро анҷом медиҳанд. Аммо маҳкумин иттиҳом алайҳи онҳоро напазируфтаанд ва худро бегуноҳ хондаанд. Онҳо таъйид кардаанд, ки дар таҳияи сужаи навор ширкат кардаанд, вале ин корро бо дархости журнолисте анҷом додаанд, ки ин наворро таҳия кардааст . Аъзои ин созмонҳо ба сурати ошкор ақоиди худро баъзан ҳамроҳ бо рафторҳои хушунатомез ба намоиш мегузоранд ва аксаран мардуми аҳли Осиёи Миёна ва Қафқозро мавриди ҳамла қарор медиҳанд.

Аъзои ин гуруҳҳо хуруҷи афроди ғайрирусро аз Русия тақозо мекунанд, ки ба ақидаи онҳо афроди хориҷӣ бозори корро барои мардуми бумӣ танг кардаанд.

Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар мегуянд, фаъолияти ин гуруҳҳо ҳамвора дар ҳоли афзоиш аст ва давлати Русия тамоюли қотеъ барои ҷилавгирӣ аз фаъолиятҳои онон нишон намедиҳад, балки дар баъзе маворид мавзеъгирии бархе аз сиёсатмадорони бонуфуз бо ақоиди чунин созмонҳо ҳамсонӣ дорад. Мудофеъини ҳуқуқи башар милисаи Русияро муттаҳам мекунанд, ки дар баробари озору азияти афроди ғайрирус тавассути гуруҳҳои нажодпараст чашм мепушад. Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфтааст, танҳо дар нимаи аввали соли гузашта дар Русия 69 нафар дар ҳамалоте, ки ангезаи онҳо нажодпарастӣ буда, кушта шудаанд.

www.bbc.co.uk/tajik

©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97