Манъи фурӯши антеннаҳои моҳвораӣ дар Туркманистон

Хабари хуб 21.11.2018 13:31

Бино ба иттилоъи хабарнигори бахши туркмании радиои Озодӣ, дар бозорҳо ва марказҳои тиҷории шаҳри Ишқободи Туркманистон фурӯши мавҷгирҳои моҳвораӣ манъ шудааст.

Ба гуфтаи вай, "Мавҷгирҳои моҳвораӣ асосан дар бозори "Гулистон", "Суммар" ва "Олтин Аср"-и шаҳри Ишқобод фурӯхта мешуданд. Ҳоло чунин мавҷгирҳо дар фурӯш нестанд, мегӯянд манъ шудааст.

 Соҳибкорон дастури шифоҳӣ гирифтаанд, ки антеннаҳои моҳвораӣ нафурӯшанд, дар ғайри сурат аз ҳаққи фаъолияти тиҷоратӣ маҳрум мешаванд.

Бар асоси иттилъои шоҳидон, манъи фурӯши мавҷгирҳо ним сол пеш роҳандозӣ шуда буд. Он замон мақомоти туркман  дар бархе минтақаҳои Ишқобод хона ба хона гашта, мавҷгирҳои моҳвораияшонро канда буданд.

Туркманистон афкори омма ва ҳамин тавр дастрасии сокинон ба манбаъҳои пахши хабарро шадидан назорат мекунад ва пӯшидатарин кишвари Осиёи Марказӣ номбар мешавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97